Боғи кӯдакони шаҳри Душанбе бозсозӣ мешавад (садо)

Ҳукумати шаҳри Душанбе аз рӯйи пешниҳоди Маркази наврасон ва кӯдакони шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки Боғи бачагони ин муаассисаро бозсозӣ кунад. Тавре раиси ин марказ Комилҷон Холов ба «АП» иттилоъ дод, боғи дар замонҳои Иттифоқи Шӯравӣ бунёдшуда айни замон дар ихтиёри Маркази наврасон ва кӯдакони шаҳри Душанбе аст ва он ниёз ба таъмиру бозсозӣ дорад. […]

Гурдофариди Соҳибназар

Ҳукумати шаҳри Душанбе аз рӯйи пешниҳоди Маркази наврасон ва кӯдакони шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки Боғи бачагони ин муаассисаро бозсозӣ кунад.

Тавре раиси ин марказ Комилҷон Холов ба «АП» иттилоъ дод, боғи дар замонҳои Иттифоқи Шӯравӣ бунёдшуда айни замон дар ихтиёри Маркази наврасон ва кӯдакони шаҳри Душанбе аст ва он ниёз ба таъмиру бозсозӣ дорад.

Ба гуфтаи ӯ, сокинони пойтахт борҳо ба марказ муроҷиат кардаанд, ки шароити боғ беҳтар карда шуда, дар он ҳар гуна атраксионҳои фароғатӣ низ гузошта шаванд.

«Боғ, албатта, имрӯз шароити хуб барои сайру гашт надорад. Бояд бигӯям, ки ин боғ фароғатӣ нест, ки дар он атраксионҳо монда шаванду дарвозаҳояш пӯшида бошаду даромад ба он пулакӣ шавад. Бояд бигӯям, ки боғи мо аз рӯйи таъиноташ фароғатӣ нест, балки маърифатӣ аст. Имрӯз мо нақшабандӣ дорем ва аллакай таваҷҷӯҳи бештари раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоевро оид ба азнавсозӣ ва таҷдиди боғи кӯдакон эҳсос мекунем. Сохторҳои марбута супоришҳо ҳам гирифтаанд. Мо ҳам пешниҳод карда истодаем, ки боғро аз рӯйи таъиноти худаш бозсозӣ кунанд. Чун ин боғ ҷойи баргузории чорабиниҳои маърифатӣ барои кӯдакону наврасон, барои таълимгирандагони муассисаҳои таълимии пойтахт ва бевосита барои тарбиятгирандагони Маркази кӯдакону наврасон аст. Ин боғ бояд ҷойи баргузории чорабиниҳои фарҳангие бошад, ки рӯзмарра баргузор мекунем ва ҷойи ҳамоишҳои калони созмони талабагони шаҳри Душанбе шавад. Нияти мо ин аст, ки пас аз таҷдиди боғ бачаҳо дар баробари сайру гашт боз барои худ маърифате низ бардошта тавонанд», – гуфт Холов.

 

Тавре мушоҳида шуд, дар ин боғ кӯдакони зиёд бо варзишу бозӣ  машғуланд. Чанд тан наврас, ки дар саҳни муассиса буданд, изҳор доштанд, ки дар боғ берун аз дарсу маҳфилҳои муассиса одатан бо бозиҳои гуногун машғул мешаванд.

«Мебароем ҳар хел бозиҳо мекунем, баскетболбозӣ мекунему баъд ба дарсҳоямон медароем»,- гуфтанд онҳо.

Маркази наврасон ва кӯдакони шаҳри Душанбе аз рӯйи таъинот муассисаи давлатии таҳсилоти иловагӣ ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи Комилҷон Холов ин даргоҳ «шояд ягона муассисаи давлатии таълимии таҳсилоти иловагӣ»-ст, ки ба таври ройгон амал мекунад.

«Дар ин ҷо вобаста ба завқу шавқ ба кӯдакон ва ҷавонони  аз синни 6 то 18 маҳфилҳои гуногун ба роҳ монда шудаанд. Падару модароне, ки намехоҳанд фарзандонашон дар вақти таътил бекор монанд, метавонанд ба маркази мо биёянд ва кудаконашонро ба маҳфилҳои омӯзиши забони англисӣ, арабӣ, форсӣ ва русӣ, расмкашиву  радиоэлектроника ва конструктори наврас, ҳамчунин ба  касбу ҳунарҳои гуногун, аз қабили дӯзандагиву зардӯзӣ, попурдӯзӣ, гулзанӣ гузоранд. Ҳунару забон биомӯзонанду ҷаҳонбиниашонро васеъ кунанд. Аз ҳама муҳим – дар вақти таътил бекор намонанд», – гуфт Холов.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.