Ҳукми 13 соли зиндон ба собиқ афсари нерӯҳои марзбонӣ


Суди ҳарбии гарнизони Хатлон собик муовини сардори яке аз дастаҳои посбонии нерӯҳои марзбонии ҷумҳуриро ба муҳлати зиёди зиндон махкум кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон Тоҳир Искандаров хабар дод, майори нерӯҳои марзбонӣ Баҳриддин Иброҳимов зимни ба ҳайси муовини сардори посгоҳи марзии «Себандӣ»-и қисми низомии 2848-и воқеъ дар деҳаи Ковокии ноҳияи Шӯрообод фаъолият доштан, бо чанде аз сокинони маҳаллӣ ба фурӯши беш аз 22 кило маводи мухаддир кӯшиш мекунад.

«Моҳи ноябри соли 2004 маводи мухадддири афюн дар манзили сокини ноҳияи Восеъ Мурувватшоҳ Нурматов аз ҷониби кормандони милиса дарёфт гардида, аъзои ин гурӯҳ боздошт ва маҳкум шуданд, аммо он замон ба Иброҳимов муяссар шуда буд, ки аз мақомот пинҳон шавад», – иброз дошт Искандаров.

Ба қавли ӯ, Баҳриддин Иброҳимов моҳи январи соли равон боздошт ва барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба 13 соли зиндон маҳкум карда шуд.

spot_imgspot_img

Популярное