Ш.Қудратов: Файзи Олӣ ниҳоди адвокатураро «доғдор» кард

Шуҳрат Қудратов, адвокати Димон Ашӯров, ки аз ҷониби суд ба даст доштан дар рӯйдодҳои Хоруғ гунаҳкор дониста шуд, ба гуфтаҳои адвокат Файзи Олӣ оид ба парвандаи ҷиноӣ нисбати Димон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев пас аз баррасии шикояти кассатсионӣ розӣ нест. «Хотиррасон карданиам, ки дар ин парванда ман аз манфиатҳои Ашӯров ҳимоят кардам. Бо гуфтаҳои Файзи […]

ASIA-Plus


Шуҳрат Қудратов, адвокати Димон Ашӯров, ки аз ҷониби суд ба даст доштан дар рӯйдодҳои Хоруғ гунаҳкор дониста шуд, ба

гуфтаҳои адвокат Файзи Олӣ

оид ба парвандаи ҷиноӣ нисбати Димон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев пас аз баррасии шикояти кассатсионӣ розӣ нест.

«Хотиррасон карданиам, ки дар ин парванда ман аз манфиатҳои Ашӯров ҳимоят кардам. Бо гуфтаҳои Файзи Олӣ комилан розӣ набуда, ҳукми Суди олии ҶТ аз 10-уми май нисбати Димон Ашӯровро ғайриқонунӣ ва беадолатона мешуморам. Ҳукм бар асоси танҳо далелҳои ғайримустақим ва шубҳанок содир шуд. Дар парванда далелҳои мустақими собиткунандаи иштироки Д.Ашӯров дар рӯйдодҳои Хоруғ мавҷуд нестанд», – иброз дошт адвокат.

Ба андешаи ӯ, аз нигоҳи ахлоқиву маънавӣ Файзи Олӣ ба айбдоркунии зерҳимояи ӯ ҳуқуқ надорад. «Бо ин гуфтаҳои худ ӯ на ҳамчун адвокат, балки ба сифтаи муфаттиш ё айбдоркунандаи давлатӣ амал карда, бо ин изҳороти худ ниҳоди адвокатураи ҷумҳуриро «доғдор» мекунад. Ғайр аз ин, изҳороти ӯ ба ахлоқи адвокатӣ созгор набуда, мухолифи қонун дар бораи фаъолияти адвокатӣ аст», – мутмаин аст Қудратов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.