Г.Шералӣ: Масъалаи газ бо Ӯзбекистон ҳалношуда боқӣ мемонад

Дар маросими баимзорасии Созишнома оид ба тақсими маҳсулот байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати Кӯлоб Петролиум Лимитед бо ҳайати намояндагони ширкатҳои Тетис Петролиум Лимитед, CNPC ва Total дар Тоҷикистон вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ изҳор намуд, ки гуфтушунидҳои Тоҷикистон бо Ӯзбекистон оид ба таҳвили гази табиӣ аз ин кишвари ҳамсоя то ҳанӯз ба ҳеҷ […]

Заррина Эргашева


Дар маросими баимзорасии Созишнома оид ба тақсими маҳсулот байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати Кӯлоб Петролиум Лимитед бо ҳайати намояндагони ширкатҳои Тетис Петролиум Лимитед, CNPC ва Total дар Тоҷикистон вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ изҳор намуд, ки гуфтушунидҳои Тоҷикистон бо Ӯзбекистон оид ба таҳвили гази табиӣ аз ин кишвари ҳамсоя то ҳанӯз ба ҳеҷ натиҷае нарасидаанд.

Ба қавли вазир, гуфтушунидҳо ҳам хаттиву ҳам шифоҳӣ сурат гирифта, вале ҳалношуда боқӣ монданд. Сабаби ҳалношуда боқӣ монданро вазир шарҳ надода, аз идома ёфтани гуфтушунидҳо низ маълумоте надод.

«Мо ба он муваффақ шудем, ки аксари корхонаҳои бо истифода аз газ фаъолиятдоштаро ба истифодаи ангишт гузаронем ва айни замон шумори чунин корхонаҳо 162 ададро ташкил медиҳанд», – иброз дошт ӯ.

Дар робита ба масъалаи ба

рухсатии меҳнатии бемуҳлат

фиристода шудани кормандони «Тоҷиктрансгаз», вазир тасдиқ намуд, ки беш аз 50%-и кормандони корхонаи мазкур ба рухсатӣ фиристода шуда, дар сурати муваффақона анҷом ёфтани гуфтушунидҳо бо Ӯзбекистон, онҳо ба ҷойҳои кории худ бармегарданд.

Дар ҳамин ҳол, аз ҶСК «Тоҷиктрансгаз» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки тамоми кормандони корхона ҳатто бо шумули раҳбарият низ ба рухсатӣ баромадаанд, зеро кор нест.

«Барои коршоямии лӯлаи газ, мо барои нигоҳ доштани фишор дар он кӯшиш дорем, вале дар сатҳи корхонаҳо гуфтушунид бурда намешавад, зеро ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд», – зикр кард як корманди корхона.

Ёдрас мекунем, ки бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати шартномаи соли 2012, шурӯъ аз 31-уми декабри соли гузашта Ӯзбекистон интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро қатъ намуд. Кишвари ҳамсоя оид ба интиқоли ҳаҷми муайяни газ ба Чин ӯҳдадор буда, дар ин хусус соли гузашта зимни имзои қарордод хабар дода буд.

Бино ба маълумоти «Тоҷиктрансгаз», соли гузашта ба Тоҷикистон аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон 132,4 млн. метри мукааб гази табиӣ ворид шуд, ки нисбат ба соли 2011 ба миқдори 46,6 млн. метри мукааб камтар аст. Арзиши он 300 $ барои 1 ҳазор метри мукаабро ташкил дод. Мувофиқи қарордод, соли 2012 Тоҷикистон аз Ӯзбекистон бояд 145 млн. метри мукааб газ дастрас мекард.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.