Ифтитоҳи маркази солимии ҷавонону кӯдакон дар Қайроққум

Бо иштироки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи фароғатии шаҳри Қайроққум маркази солимгардонии ҷавонон ва кӯдакони Шоҳин, ки дар заминаи собиқ фароғатгоҳи Уқобча–и корхонаи воҳиди давлатии Востокредмет бунёд ёфтааст, ифтитоҳ ёфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, навсозии куллӣ ва дубора ба истифодаи васеъ додани ин иншооти истироҳатию солимгардонӣ бо супориши президенти кишвар Эмомалӣ […]

ASIA-Plus


Бо иштироки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи фароғатии шаҳри Қайроққум маркази солимгардонии ҷавонон ва кӯдакони Шоҳин, ки дар заминаи собиқ фароғатгоҳи Уқобча–и корхонаи воҳиди давлатии Востокредмет бунёд ёфтааст, ифтитоҳ ёфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, навсозии куллӣ ва дубора ба истифодаи васеъ додани ин иншооти истироҳатию солимгардонӣ бо супориши президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.

Маркази солимгардонии ҷавонон ва кӯдакони Шоҳин дар масоҳати умумии 19 га доман паҳн намуда, аз биноҳои дуошёнаи маъмурият, хобгоҳ, бинои таълимӣ, ошхона, майдончаи бачагона, се ҳавзи шиноварӣ, майдони футбол, амфитеатр ва ҳашт хобгоҳи тобистонаи якошёна иборат мебошад. Ин иншооти истироҳатию солимгардонӣ, ки бо тарҳи зебою дилкаш дорои шароити хуби замонавӣ гардидааст, дар як вақт метавонад наздики 600 нафар кӯдакону наврасонро фаро бигирад.

Корҳои ободонию кабудизоркунии марказ минбаъд низ идома хоҳанд ёфт. Соли равон дар ҳудуди он наздики 10 ҳазор бех дарахтҳои ороишию сояафкан ва мевадиҳанда шинонида шудааст.

Тибқи супоришу ҳидоятҳои сарвари давлат оянда дар ҳудуди ин марказ толори варзишӣ, аквапарк, маркази компутерӣ ва дигар биною инфрасохтори иловагӣ бунёд хоҳад ёфт.

Ба ифтихори ифтитоҳи марказ ва ташрифи Эмомалӣ Раҳмон истироҳаткунандагони он барномаи зебою дилнишини фарҳангӣ намоиш доданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.