Ҳукми 13 соли зиндон ба собиқ афсари нерӯҳои марзбонӣ

Суди ҳарбии гарнизони Хатлон собик муовини сардори яке аз дастаҳои посбонии нерӯҳои марзбонии ҷумҳуриро ба муҳлати зиёди зиндон махкум кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон Тоҳир Искандаров хабар дод, майори нерӯҳои марзбонӣ Баҳриддин Иброҳимов зимни ба ҳайси муовини сардори посгоҳи марзии «Себандӣ»-и қисми низомии 2848-и воқеъ дар деҳаи Ковокии ноҳияи Шӯрообод […]

Сайраҳмон Назриев


Суди ҳарбии гарнизони Хатлон собик муовини сардори яке аз дастаҳои посбонии нерӯҳои марзбонии ҷумҳуриро ба муҳлати зиёди зиндон махкум кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон Тоҳир Искандаров хабар дод, майори нерӯҳои марзбонӣ Баҳриддин Иброҳимов зимни ба ҳайси муовини сардори посгоҳи марзии «Себандӣ»-и қисми низомии 2848-и воқеъ дар деҳаи Ковокии ноҳияи Шӯрообод фаъолият доштан, бо чанде аз сокинони маҳаллӣ ба фурӯши беш аз 22 кило маводи мухаддир кӯшиш мекунад.

«Моҳи ноябри соли 2004 маводи мухадддири афюн дар манзили сокини ноҳияи Восеъ Мурувватшоҳ Нурматов аз ҷониби кормандони милиса дарёфт гардида, аъзои ин гурӯҳ боздошт ва маҳкум шуданд, аммо он замон ба Иброҳимов муяссар шуда буд, ки аз мақомот пинҳон шавад», – иброз дошт Искандаров.

Ба қавли ӯ, Баҳриддин Иброҳимов моҳи январи соли равон боздошт ва барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба 13 соли зиндон маҳкум карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.