Манъи вуруди 5 шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия


Ба панҷ нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки чанде қабл тавассути ҳавопаймо озими шаҳрҳои Маскаву Екатеринбург шуда буданд, вуруд ба қаламрави Русия манъ карда шуд.

Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи Хадамоти мухоҷирати назди ҳукумати ҶТ, шаҳрвандон – Қудратулло Қодиров, Абдуваҳоб Бӯриев, Мирзохӯҷаи Карим, Мӯсо Мӯсоев ва Анвар Сафаровро кормандони мақомоти дахлдори Русия аз фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав ва Колтсовои шаҳри Екатеринбург ба ватан баргардонидаанд.

Ба иттилои манбаъ,  шаҳрвандони ба ватан фиристодаи Тоҷикистон ҳангоми қаблан дар қаламрави Русия қарор доштан, ба қонуншиканиҳо дар бахши қонунгузории муҳоҷирати ин кишвар даст зада, ба «рӯйхати сиёҳ» шомил будаанд.

«Хадамоти муҳоҷират ба шаҳрвандон борҳо иброз дошта ва таъкидан боз ҳам баён медорад, ки пеш аз сафар ба Русия ҳатман ба Бахши қабул ва маслиҳатдиҳии Хадамоти муҳоҷират ва Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ муроҷиат намоед ва мушкилот ва проблемаҳои худро доир ба депортатсия ва дигар масъалаҳои мавҷуда ҳаллу фасл намоед», – зикр мегардад дар иттилои хадамот.

spot_imgspot_img

Популярное