Ифтитоҳи намояндагии «Vendeka Group» дар Душанбе

Бо дастгирӣ ва ҳамоҳангии сафорати Тоҷикистон дар Туркия рӯзҳои 17- 19 июни соли 2013 намояндагони ширкати турки  «Гурӯҳи Вендека» бо роҳбарии Бақӣ Куран аз шаҳри Душанбе боздид намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» корманди сафорати Тоҷикистон дар Туркия Субҳон Қурбонов хабар дод, гурӯҳи Вендека дар тамоми ҷаҳон ҷиҳати ҳамкории муштарак фаъолият дорад. Вендека дар 11 соли […]

ASIA-Plus


Бо дастгирӣ ва ҳамоҳангии сафорати Тоҷикистон дар Туркия рӯзҳои 17- 19 июни соли 2013 намояндагони ширкати турки  «Гурӯҳи Вендека» бо роҳбарии Бақӣ Куран аз шаҳри Душанбе боздид намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» корманди сафорати Тоҷикистон дар Туркия Субҳон Қурбонов хабар дод, гурӯҳи Вендека дар тамоми ҷаҳон ҷиҳати ҳамкории муштарак фаъолият дорад. Вендека дар 11 соли фаъолият бо кормандони соҳибтаҷриба дар соҳаҳои энерҷӣ ва ҳарбӣ, дар дохил ва хориҷи кишвар бо ширкатиҳо давлатӣ ва хусусӣ ҳамкорӣ менамояд.

Гурӯҳи Вендека бо роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати нақлиёт, Палатаи саноат ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар соҳаҳои таҷҳизотҳои илмии Вендека, телекомминикатсияҳои симдор ва бесим, шабеҳсозӣ (симилатор), IT, саноатӣ, телекоммуникатсия, насби таҷҳизотҳо дар нуқтаҳои пулҷамъкунии роҳҳои пулакӣ, насби видеокамераҳо ва сабти қонунвайронкуниҳо дар роҳҳо ва насби таҷҳизотҳо барои сарфакории қувваи барқ мубодилаи афкор намуданд.

Бояд қайд намуд, ки Гурӯҳи Вендека ҷиҳати иштирок дар лоиҳаи насби таҷҳизот дар роҳи пулакии Душанбе – Чанак пешниҳоди худро ирсол намудааст. Бақӣ Куран ёдрас шуд, ки дар рӯзҳои наздик намояндагии ширкатро дар Душанбе ифтитоҳ менамояд.

Гурӯҳи Вендека соли 2002 таъсис ёфта, дар Анқара 8 марказ, шаҳри Тайпей (Тайван), Манила (Филиппин) ва Косова, яъне бо 11 марказ фаъолият мекунад. Фаъолиятҳои лоиҳавӣ ва илмию тадқиқотии худро дар Марказҳои Вендека дар Билкент Киберпарк (Анқара) ва Ҳаҷеттепе Текнокент (Анқара) ба роҳ гузоштааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.