Эълони барандагони ҷоизаҳои Айниву Турсунзода (садо)

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барандагони ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Турсунзодаро эълон кард. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз аъзои раёсати Иттифоқи нависандагон Гулназар Келдӣ иттилоъ дод: «Аввали сол озмун эълон карда шуд, довталабон хеле зиёд буданд. Дар марҳилаи охир, ки 5-нафарӣ монда буданд, барандагони ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Марямбонуи […]

Гурдофариди Соҳибназар

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барандагони ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Турсунзодаро эълон кард.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз аъзои раёсати Иттифоқи нависандагон Гулназар Келдӣ иттилоъ дод: «Аввали сол озмун эълон карда шуд, довталабон хеле зиёд буданд. Дар марҳилаи охир, ки 5-нафарӣ монда буданд, барандагони ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Марямбонуи Фарғонӣ, Насими Раҷаб ва дар ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода шоирон Раънои Мубориз ва Давлати Сафар ғолиб омаданд. Ва мо онҳоро табрик мегӯем».

Мавсуф инчунин изҳор дошт, ки дар маҷлиси дирӯза 17 нафар аъзои раёсати ИН Тоҷикистон овоз доданд. Овоздиҳи пинҳонӣ гузашт ва он хеле шаффоф ҷараён гирифт.

Аз рӯйи иттилои ИН Тоҷикистон, 29-уми июни соли ҷорӣ ба ҳар як барандаи ҷоиза – Марямбонуи Фарғонӣ («Шаҳболи хаёл»), Насим Раҷаб («Даргоҳи меҳру вафо»), Раънои Мубориз («Лаъли Бадахшон») ва Давлат Сафар («Авҷи парвоз») диплом ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 1000 доллари амрикоӣ супорида мешавад.

Марямбонуи Фарғонӣ ба ОИ «Азия-Плюс» гуфт: «Барои ман хабари баранда шудани китобам ба ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ хеле хабари хуш буд. Албатта, то лаҳзаи охир намедонистам, ки ин мукофот насиби кӣ мегардад. Зеро барои дарёфти ҷоиза нависандагони зиёде довталабӣ карданд. Китоби ҳафтуми банда «Шаҳболи хаёл» маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳоест, ки мазмуни умумиашон ба ҳам хеле наздиканд, яъне хонандаро ба худогоҳии миллӣ ҳидоят месозад».

Раънои Мубориз, ки барандаи ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода гашт, дар бораи эҳсосоти хеш гуфт: «Таассуротам, албатта, аз ин озмун рангин аст. Ба воситаи ин озмун қаламам, маҳоратам ва истеъдодамро санҷидам. Ба ин восита хостам бифаҳмам, ки шеъри банда аз ҷониби устодон чӣ гуна баҳогузорӣ мешавад. Билохира ба ҷоизаи олии адабии ба номи Мирзо Турсунзода ноил шудам ва хеле сарбаланд ҳастам».

Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ соли 1988 таъсис дода шудааст ва ҳар ду сол барои асарҳои насрии беҳтарини сол дода мешавад. Аз аввалин барандагони ин мукофот Бахтиёр Муртазоев, Маҷиди Салим, Шералӣ Мӯсо ва Абдунабӣ Сатторзода буданд.

Чоизаи ба номи Мирзо Турсунзода соли 1989 созмон дода шуда, аз барандагони он Баҳром Фирӯз, Гулназар Келдӣ, Ҳақназар Ғоиб, Нуқраи Суннатниё, Гурез Сафар ва дигарон буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.