Манъи вуруди 5 шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия

Ба панҷ нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки чанде қабл тавассути ҳавопаймо озими шаҳрҳои Маскаву Екатеринбург шуда буданд, вуруд ба қаламрави Русия манъ карда шуд. Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи Хадамоти мухоҷирати назди ҳукумати ҶТ, шаҳрвандон – Қудратулло Қодиров, Абдуваҳоб Бӯриев, Мирзохӯҷаи Карим, Мӯсо Мӯсоев ва Анвар Сафаровро кормандони мақомоти дахлдори Русия аз фурудгоҳи Домодедовои […]

ASIA-Plus


Ба панҷ нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки чанде қабл тавассути ҳавопаймо озими шаҳрҳои Маскаву Екатеринбург шуда буданд, вуруд ба қаламрави Русия манъ карда шуд.

Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи Хадамоти мухоҷирати назди ҳукумати ҶТ, шаҳрвандон – Қудратулло Қодиров, Абдуваҳоб Бӯриев, Мирзохӯҷаи Карим, Мӯсо Мӯсоев ва Анвар Сафаровро кормандони мақомоти дахлдори Русия аз фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав ва Колтсовои шаҳри Екатеринбург ба ватан баргардонидаанд.

Ба иттилои манбаъ,  шаҳрвандони ба ватан фиристодаи Тоҷикистон ҳангоми қаблан дар қаламрави Русия қарор доштан, ба қонуншиканиҳо дар бахши қонунгузории муҳоҷирати ин кишвар даст зада, ба «рӯйхати сиёҳ» шомил будаанд.

«Хадамоти муҳоҷират ба шаҳрвандон борҳо иброз дошта ва таъкидан боз ҳам баён медорад, ки пеш аз сафар ба Русия ҳатман ба Бахши қабул ва маслиҳатдиҳии Хадамоти муҳоҷират ва Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ муроҷиат намоед ва мушкилот ва проблемаҳои худро доир ба депортатсия ва дигар масъалаҳои мавҷуда ҳаллу фасл намоед», – зикр мегардад дар иттилои хадамот.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.