Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров изҳор намуд, ки ба номзадии худро гузоштан дар маъракаи интихоботи президентӣ ва гузашта аз ин, на танҳо ба сифати номзади ягона аз аҳзоби мухолиф, балки аз номи тамоми нерӯҳои демократии кишвар омода аст.
Дар посух ба саволҳои иштирокчиёни «Гурӯҳи 24» дар шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» Зоийров дар ин робита изҳор доштааст, ки «ман дар интихоботи президентии қарибулвуқӯъ ширкат варзида, бидуни хоксории дурӯғин гуфтаниам, ки дар интихобот на танҳо ба сифати як номзади ягона аз танҳо ҳизбҳо ё нерӯҳои мухолифин, балки аз номи тамоми нерӯҳои демократӣ шират варзиданиам»
Ҳамчунин ӯ гуфтааст, ки ҳокимиятро дӯст намедорад, як шаҳрванди оддӣ, покдилу баинсоф, ба қадри кофӣ таҳсилдида ва масъулиятшиноси Тоҷикистон мебошад.
«Ман бисёр ба таблиғ машғул шуда, интизорӣ доштам, ки ба мақоми номзади ягона афроди дигар пешбарӣ мешаванд. Акнун номзадии худро пешниҳод намуда, изҳор медорам, ки барои ба дӯш гирифтани масъулияти кишвару шаҳрвандони он омодаам. Ба ман дастгирии нерӯҳои демократӣ лозим аст, моро муттаҳидии нерӯҳои демократӣ зарур аст ва бо кӯшишҳои дасттаҷамъона мо Тоҷикистонро аз по мехезонем. Мо роҳи дигар надорем!», – зикр кардааст Зойиров.
Дар посух ба саволи марбут ба қазияҳои Умаралӣ Қувватов ва Зайд Саидов ӯ иброз доштааст, ки биуни шакк, ҳуқуқҳои онҳо дағалона поймол шудаанд.
Ба андешаи ӯ, Қувватов ва Саидов қурбони бозиҳои сиёсӣ гардида, бояд аз айбдоркуниҳои сиёсӣ озод бошанд.
«Ҳатто дар сурати содир шудани ҳукми айбдоркунанда аз ҷониби суд, ки дар шароити Тоҷикистон имконпазир аст, пас президент барои афв ҳуқуқ дорад ва он мутобиқи қонун ва адолат ҳатман амалӣ мешавад. Ин ба шахсони дигаре, ки бо мақсадҳои сиёсӣ маҳкум шудаанд, шурӯъ аз Маҳмадрӯзӣ Искандарову Ёқуб Салимов то парвандаҳои ба истилоҳ ифротгароёни динӣ низ дахл дорад», – гуфтааст Зойиров.



