Таваҷҷуҳи Zonergy ба энергияи алтернативӣ дар Тоҷикистон

Чанде қабл раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов бо муовини аввали Директори Корпорацияи «ZONERGY»-и Чин ҷаноби Го Ҷинг вохўри анҷом дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур, Давлаталӣ Саидов аз имкониятҳои фаррохи сармоягузорӣ дар кишвар ибрози ақида намуда, аз қонунҳо ва барномаҳои дар ин самти барои мамлакат муҳимро ёдовар […]

ASIA-Plus


Чанде қабл раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов бо муовини аввали Директори Корпорацияи «ZONERGY»-и Чин ҷаноби Го Ҷинг вохўри анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур, Давлаталӣ Саидов аз имкониятҳои фаррохи сармоягузорӣ дар кишвар ибрози ақида намуда, аз қонунҳо ва барномаҳои дар ин самти барои мамлакат муҳимро ёдовар шуда иброз намуд, ки ҳадафи Ҳукумати мамлакат ҳар чи тезтар ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад ва дар ин самт аз ҳама имкониятҳо самаранок истифода хоҳем бурд.

Муовини аввали директори Корпорацияи «ZONERGY» ҷаноби Го Ҷин ибрози ақида намуд, ки Тоҷикистон рӯз аз рӯз ободу зебо шуда истодааст ва мо мехоҳем дар ин кишвар имкониятҳои нави истифодаи тавлиди нерӯи барқро бо воситаи офтоб, шамол об ва ғайра ба роҳ монем. Дар ин самт мо таҷрибаи бойи корӣ, технологияи замонавӣ ва потенсиали бузурги кадриро доро ҳастем.

Раиси Кумита аз дастовардҳои беназири даврони истиқлолият дар самти таъмини аҳолӣ бо нерўи барқ, тавлиди корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва имкониятҳои васеъи сармоягузорӣ дар ин самт ва дигар паҳлўҳои ин соҳа ёдовар шуда иброз намудаанд, ки Кумита омода ҳаст дар доираи ваколатҳои худ тибқи қонунҳои амалкунанда тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.