Коллегияи кассатсионии Суди олии Тоҷикистон ҳукм нисбати ду иштирокчии рӯйдодҳои Хоруғ – Шерик Карамхудоев ва Димон Ашӯровро, ки 10-уми майи соли равон маҳкум шуда буданд, бетағйир боқӣ гузошт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Суди олии ҶТ хабар доданд, адвокати маҳкумшудагон Файзи Олӣ як изҳороти ногаҳоние кардааст. Аз ҷумла ӯ гуфтааст: «Шикоят қонеъ нашуд. Пас аз ошкор намудани ҷузъиёти ҳолатҳои парванда ва нақши маҳкумшудагон дар рӯйдодҳои Хоруғ ва бо дарки масъулияти маънавиву ахлоқӣ, ман ҳамчун адвокат аз идомаи ҳимоят даст кашидам. Бар ин назарам, ки ҳукм нисбати Карамхудоев ва Ашӯров на он қадр вазнин буда, ба вазнинии ҷиноятҳои содирнамудаи онҳо муносиб нест».
Ба қавли ӯ, дар хулосаи айбнома ва ҳукми суд «тамоми паҳлӯҳои фаъолияти ҷинояткоронаи зерҳимоягони ӯ таҷассум наёфта буданд».
«Масалан, ба Димон Ашӯров дар убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ва қочоқи аслиҳа айб пешниҳод нагардид, ки камбуди тафтишот аст. Маълум шуд, ки Ашӯров узви фаъоли гурӯҳи ҷиноятпеша буда, дар марҳилаҳои ҳимоя ӯ дар бораи ин фаъолияти ҷинояткоронаи худ аз додани маълумот худдорӣ ва онро аз ман пинҳон кардааст. Ҳамин тариқ, ӯ ҳимояро ба гумроҳӣ андохт ва маҳз барои ҳамин мо ба сифати шоҳидони иловагӣ кормандони сохторҳои қудратӣ ва дигар мақомоти давлатиро даъват намудем, ки бо ин амал дурустии сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти кишвар ва мустақилияти судҳоро зери шубҳа гузоштем», – идома дод Файзи Олӣ ва таъкид кард, ки дар муқоиса бо Ашӯров, Карамхудоев нисбатан самимитару ошкоро суҳбат мекард.
«Аз ин рӯ, ман аз ҳамаи хонандагон узр мехоҳам», – иброз дошт адвокат. Номбурда ҳамчунин афзуд, маълумоти дақиқу муфассал дар бораи ниятҳои ҷинояткоронаи зерҳимоягонашро ӯ «аз сокинони бошууру огоҳи Бадахшони Кӯҳӣ дастрас кардааст».
Ёдрас мекунем, ки суд Шерик Карамхудоев ва Димон Ашӯровро аз рӯи тамоми айбҳои пешниҳодшуда гунаҳкор эътироф намуда, мутаносибан ба 14 ва 12 солии зиндон маҳкум кард.
Суд таҳти раёсати судяи Суди олии ҶТ Нуриддин Расулов пӯшида сурат гирифт, зеро ба ин парванда муҳри «махфӣ» гузошта шуда буд.
Шерик Карамхудоев, раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ ба ғайриқонунӣ нигаҳдории аслиҳа, ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша, даст доштан дар бетартибиҳои оммавӣ ва истифодаи зӯроварӣ нисбати намояндаи ҳокимият муттаҳам дониста шуд.
Димон Ашӯров дар содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо, ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша, даст доштан дар бетартибиҳои оммавӣ, истифодаи зӯроварӣ нисбати намояндаи ҳокимият ва фирор аз ҳабс гунаҳкор эътироф гардид. Ҳардуро суд дар даст доштан ба муқовимати мусаллаҳона ҳангоми рӯйдодҳои Хоруғ тобистони соли гузашта айбдор донист.



