Зайд Саидовро табиб муоина кард

Ба тоҷири маъруфи тоҷик, ки айни замон дар тавқифгоҳи мувақатии КДАМ ҶТ қарор дорад, муоинаи табибро иҷозат доданд. Шуҳрат Қудратов, яке аз адвокатҳои тоҷир ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ба зерҳимояаш муоинаи табиби дар озодӣ ба вазъии солимии ӯ назоратдоштаро иҷозат надода, ӯро табиби дигар муоина кардааст. «Аз натиҷаи муоинаи духтар ва ба кадом […]

ASIA-Plus


Ба тоҷири маъруфи тоҷик, ки айни замон дар тавқифгоҳи мувақатии КДАМ ҶТ қарор дорад, муоинаи табибро иҷозат доданд.

Шуҳрат Қудратов, яке аз адвокатҳои тоҷир ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ба зерҳимояаш муоинаи табиби дар озодӣ ба вазъии солимии ӯ назоратдоштаро иҷозат надода, ӯро табиби дигар муоина кардааст.

«Аз натиҷаи муоинаи духтар ва ба кадом беморӣ гирифтор шудани зерҳимояам огаҳӣ надорам, зеро ҳангоми муоина ҳузур надоштам ва ҳаминро гуфта метавонам, ки ба Саидов тамоми дорувории аз ҷониби табиб тавсияшуда расонида шуданд», – иброз дошт Қудратов.

Қаблан Шуҳрат Қудратов иттилоъ дода буд, ки ба парвандаи ҷиноӣ нисбати ташаббускори ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов

муҳри «махфӣ»

гузошта шудааст. Ҳамчунин чанд рӯз қабл Маҳмудҷон Қосимов, яке аз аъзои гурӯҳи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, дафтарҳои кории  воқеъ дар маҷмааи «Гулистон Тур» дарҳол баъди ба ҳабс гирифтани раиси гурӯҳи ташаббускор Зайд Саидов

муҳр зада шуданд

.

Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид. Дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт дахолатнопазирии З.Саидов бекор шуд. Дар манзил ва дафтари кории З.Саидов кофтуков гузаронида шуд.

Санаи 22-юми майи соли равон суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба ҳабси тоҷир иҷозат дод. Рӯзи 24-уми май роҳбари Гурӯҳи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав», тоҷири маъруф Зайд Саидов аз бинои Агентии зиддифасод, ки аз замони боздошт дар он қарор дошт, ба тавқифгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Суди шаҳри Душанбе қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар мавриди чораи пешгирӣ нисбати Зайд Саидов дар шакли дар ҳабс нигоҳ доштанро бетағйир боқӣ гузошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.