Анҷоми ташхиси фаннии лоиҳаи кони тиллои «Покрӯд»


Ширкати SRK Consulting China Limited-и Чин корҳои ташхиси фаннии лоиҳаи кони тиллои «Покрӯд», воқеъ дар 12 километрии шаҳри Душанбе, дар қаламрави шаҳри Ваҳдатро ба итмом расонид.

Дар иттилоияи ширкати бритониёии Kryso Resources pls зикр мегардад, ки тибқи натиҷаҳои ташхис, лоиҳаи кони «Покрӯд» лоиҳаи аз нигоҳи иқтисодӣ пурсамар ва фоидаовар арзёбӣ шудааст.

Гуфта мешавад, тибқи натиҷаҳои ташхис, минбаъд, афзоиши ҳаҷми маъдан имконпазир буда, таркиби тилло дар маъдан аз 3 грамми тасдиқшуда дар як тонна то ба 3,16 грамм дар як тонна расида метавонад.

Тибқи марҳилаи аввали амалисозии лоиҳаи азхудкунии кон, сармоягузории умумии асосӣ бояд 176,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил диҳад, ки 15 млн. доллари он аллакай барои сохтмони корхонаи истеҳсоли тилло бо иқтидори коркарди 2 ҳазор тонна маъдан дар як шабонарӯз ва истеҳсоли 2 тонна тилло дар як сол маблағгузорӣ шудаанд.

Сохтмони корхона ахири соли 2013 ё аввали соли 2014 ба анҷом мерасад. Дар марҳилаи дуюми лоиҳа афзоиши ҳаҷми коркарди маъдан то 4 ҳазор тонна дар як сол ва истихроҷи тилло то 4 тонна дар як сол пешбинӣ мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶДММ «Покрӯд» (корхонаи фаръии Kryso дар Тоҷикистон) хабар доданд, иқтидори аввалияи корхона истихроҷи 600 ҳазор тонна маъдан ва 2 тонна тило дар як солро ташкил хоҳад дод. Ҳамчунин нуқра низ истихроҷ хоҳад шуд.

«Тибқи лоиҳа, хароҷоти сохтмони корхона беш аз 25 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Тамоми зербинои зарурӣ ва роҳҳо бунёд гардида, барои фаъолияти корхона техникаву таҷҳизоти лозима харидорӣ мешавад. Корҳои геологӣ то мавриди истифода қарор гирифтани корхона идома меёбанд. Ғайр аз ин, дар назди корхона коргоҳи поксозӣ (аффинажӣ)-и тилло сохта хоҳад шуд, ки ба то маҳсулоти ниҳоӣ оварда расонидани ашёи хом ва истеҳсоли сабика (слиток)-ҳои тиллоӣ имкон фароҳам меоварад», – гуфтанд дар ширкати «Покрӯд».

Дар ширкат ҳамчунин зикр карданд, ки ҳаҷми сармояи зарурӣ барои рушди корхона 108 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, муҳлати хароҷотбарории лоиҳа ба арзиши тило дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста хоҳад буд. Айни замон сохтмон комилан 100% аз ҷониби ширкати Kryso бо ҷалби мутахассисони тоҷик маблағгузорӣ мешавад. Ширкати Kryso дар ҷазираҳои Британия сабти ном шудааст.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи феврали соли равон дар сомонаи расмии ширкати бритониёии Kryso Resources PIc иттилоъ дода шуда буд, ки муҳлати анҷоми сохтмони корхонаи истихроҷи тило дар кони «Покруд» (112 километрии шимолу шарқи Душанбе) ба вақти номуайян

мавқуф гузошта мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное