«Ориёнбонк» амволи «Мовароуннаҳр»-ро фурӯхтанист

ҶСК «Ориёнбонк» ҳаҷми қарзи ширкати «Мовароуннаҳр»-ро то 4 млн. 990 ҳазор сомонӣ афзуда, барои пардохти қарз иншооти ба сифати гарав гузоштаи ширкатро фурӯхтанист. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи вакодатдори саҳҳомони ҶДММ «Мовароуннаҳр» Бузургмеҳр Ёров хабар дод,  соли 2009 барои сохтмони иншооти истиқоматӣ ширкат аз бонк беш аз 11 млн. сомонӣ қарз гирифта, иншооти ғайриманқул ба […]

ASIA-Plus


ҶСК «Ориёнбонк» ҳаҷми қарзи ширкати «Мовароуннаҳр»-ро то 4 млн. 990 ҳазор сомонӣ афзуда, барои пардохти қарз иншооти ба сифати гарав гузоштаи ширкатро фурӯхтанист.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи вакодатдори саҳҳомони ҶДММ «Мовароуннаҳр» Бузургмеҳр Ёров хабар дод,  соли 2009 барои сохтмони иншооти истиқоматӣ ширкат аз бонк беш аз 11 млн. сомонӣ қарз гирифта, иншооти ғайриманқул ба ҳамин миқдор маблағро ба гарав гузоштааст.

«Соли 2011 аз ҳисоби фурӯши манзилҳои ширкат дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт ва манзили роҳбари ширкат Ҷӯрабек Охунов ва боз якчанд автомашинаҳои тамғаи хориҷӣ қисми зиёди қарз пардохта шуда, иншооти истикоматӣ аз гарав озод шуданд», – мегӯяд намояндаи ваколатдори саҳҳомон.

Ба қавли ӯ, ҳангоми ба ҳабс гирифтани Охунов ширкат ба «Ориёнбонк» ҳамагӣ 2 млн. 400 ҳазор сомонӣ қарздор буд, вале 17-уми июни соли равон аз номи муовини аввали раиси бонк Шуҳрат Исматуллоев ба унвони ширкат нома расида, дар он зикр мегардад, ки имрӯз қарзи ширкат дар назди бонк 4 млн. 990 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

«Ман бар ин назарам, ки маблағи қарз аз ҳисоби фоизҳои солона зиёд шудааст, ҳарчанд онҳо ба талаб кардани фоизҳо ҳуқуқ надоранд, зеро пас аз боздошти Охунов иншооти ширкат аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ таҳти ҳабс қарор дода шуда, ҳамчунин анҷом додани ягон муомилот бо амвол манъ гардида буд. Аз ин рӯ, аз ҳисоби фурӯши иншоот ширкат ба бонк қарзро баргардонида наметавонист. Ин нукта дар Кодекси шаҳрванди Тоҷикистон низ зикр шудааст», – гуфт Ёров.

Номбурда ҳамчунин изҳор намуд, ки имрӯз ширкат ба баргардонидани танҳо 2 млн. 400 ҳазор сомонии қарз омода буда, ба пардохти маблағи зиёд қодир нест.

«Гап сари он аст, ки бо такя ба қодир набудани мо ба пардохти 4 млн. 990 ҳазор сомонӣ, бонк тасмим мегирад, ки амволи боқимондаи гаравгузоштаи ширкатро фурӯшад. Онҳо ба ин амал қодиранд, зеро вақте ахири моҳи гузашта тамоми иншооти ширкати «Мовароуннаҳр» аз ҳабс озод шуданд, бонк амволи боқимондаи таҳти гарав гузоштаи ширкатро ба тавозуни худ гузаронид», – иброз дошт Ёров.

Адвокат ҳамчунин илова намуд, ки айни замон як қароргоҳи ширкат бо техникаи зиёди сохтмонӣ, таҷҳизоти истеҳсоли бетон ва майдони сохтмони 1,9 гектар дар ихтиёри бонк қарор дорад. «Бо назардошти ин, ширкат намояндагони бонкро ба гуфтушуниди созанда даъват намуд, вале аз бонк ҳоло посух нарасидааст», – афзуд Б.Ёров.

Дар ҳамин ҳол, дар «Ориёнбонк» ба ОИ «Азия-Плюс» ирсоли нома ба мазмуни зикршударо тасдиқ намуда, аммо бо баҳонаи дар сафари корӣ қарор доштани муовини аввали раиси бонк Шуҳрат Исматуллоев, аз ҳама гуна шарҳу тавзеҳ дар ин масъала худдорӣ варзиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.