Оғози намоишҳои Сирки лилипутҳои Маскав дар Душанбе

Имрӯз дар бинои Сирки давлатии шаҳри Душанбе дастаи ҳунармандони Сирки лилипутҳо (паканаҳо)-и шаҳри Маскав намоишномаи аввалини рангини худро пешкаши тамошобинон мекунад. Намоишнома соати 19:00 оғоз мегардад.   Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори Сирки давлатии Тоҷикистон Қурбон Зоҳиров хабар дод, сафари гурӯҳи ҳунармандони сирк ба Тоҷикистон то 14-уми июл идома ёфта, ба тамошобинони тоҷик онҳо […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар бинои Сирки давлатии шаҳри Душанбе дастаи ҳунармандони Сирки лилипутҳо (паканаҳо)-и шаҳри Маскав намоишномаи аввалини рангини худро пешкаши тамошобинон мекунад. Намоишнома соати 19:00 оғоз мегардад.  

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори Сирки давлатии Тоҷикистон Қурбон Зоҳиров хабар дод, сафари гурӯҳи ҳунармандони сирк ба Тоҷикистон то 14-уми июл идома ёфта, ба тамошобинони тоҷик онҳо барномаи рангини 2-соатаи иборат аз 11 саҳнаҳои ҳунариро пешкаш хоҳанд кард.

«Дар саҳнаҳои ҳунарӣ 29 нафар ҳунармандону 75 нафар ҳайвонҳои ромшуда, асосан ҳайвонҳои хонагӣ ва дар саҳнаҳои ҷудогона хирсҳои ҳимолойиву чанде аз навъҳои парандагон низ ҳунарнамойӣ мекунанд», – иброз дошт муовини директор.

Ба қавли ӯ, сокинону меҳмонони пойтахт метавонанд аз саҳнаҳои рақси рӯйи ях бо велосипедҳо, табақҳои паранда, рақсҳо бо кабӯтарон ва дигар саҳнаҳои ҷолиб баҳра баранд.

«Бо назардошти ҷойи нишаст, арзиши билетҳо аз 20 то 50 сомониро ташкил дода, барнома ҳамарӯза, рӯзҳои корӣ – ду маротиба соатҳои 15 ва 19 ва рӯзҳои истроҳат – як маротиба соати 19-и шом намоиш дода мешавад», – афзуд номбурда. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.