Баррасии масъалаи ҳукми қатл ва алтернативаҳои он

Имрӯз дар Душанбе таҳти унвони «Ҳукми қатл ва ҳабси абад ҳамчун навъҳои ҷазо дар Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор мешавад. Чорабинӣ аз ҷониби Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқҳои инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва намояндагии Penal Reform International (Ислоҳоти байнулмилалии зиндонҳо) дар Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо созмон дода мешавад. Ҳадафи лоиҳаи […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар Душанбе таҳти унвони «Ҳукми қатл ва ҳабси абад ҳамчун навъҳои ҷазо дар Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор мешавад.

Чорабинӣ аз ҷониби Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқҳои инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва намояндагии Penal Reform International (Ислоҳоти байнулмилалии зиндонҳо) дар Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо созмон дода мешавад. Ҳадафи лоиҳаи мазкур тадриҷан аз байн бурдани ҳукми қатл ҳамчун чораи ҷазои ниҳоӣ мебошад.

Бино ба иттилои созмондиҳандагони чорабинӣ, дар кори мизи мудаввар вакилони парлумони ҶТ, роҳбарони мақомоти давлатӣ, намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ ширкат меварзанд. Дар чорабинӣ стратегияи истифодаи ҷазои ниҳоӣ ва ҷорӣ намудани алтернативаҳо (чораҳои ҷойгузин)-и он дар Тоҷикистон баррасӣ ва ба риштаи таҳлил кашида мешавад.

Таври маълум, тайи 50 соли ахир дар саросари ҷаҳон тамоили аз байн бурдани ҳукми қатл ва маҳдуд сохтани соҳаҳои истифодаи он ба мушоҳида мерасад. Бо назардошти тамоили мазкур, соли 2004 Тоҷикистон ба ҳукми қатл моратория эълон кард. Соли 2010 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ фаъолияти ба пурра бекор кардани ҳукми қатл равонашударо ҳамчун яке аз афзалиятҳо тасдиқ намуд. Худи ҳамин сол бо фармони президенти Тоҷикистон оид ба омӯзиши ҷанбаи иҷтимоиву ҳуқуқии имкони бекор кардани ҳукми қатл гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.