Пардохти қарзи муҳоҷирон бо мусоидати намояндагии ХМ

Бо мусоидати намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия, ба бригадаи васлгарон аз Тоҷикистон, ки дар иншооти сохтмонии назди метрои «Выставочная»-и шаҳри Маскав фаъолият доранд, қарзи музди меҳнат дар ҳаҷми 650 ҳазор рубли русӣ пардохт гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи намояндагии ХМ ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, аввали моҳи июн аз […]

ASIA-Plus


Бо мусоидати намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия, ба бригадаи васлгарон аз Тоҷикистон, ки дар иншооти сохтмонии назди метрои «Выставочная»-и шаҳри Маскав фаъолият доранд, қарзи музди меҳнат дар ҳаҷми 650 ҳазор рубли русӣ пардохт гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи намояндагии ХМ ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, аввали моҳи июн аз номи васлгарон ба намояндагӣ Умед Қадамов, зодаи шаҳри Кӯлоб муроҷиат карда, иброз доштааст, ки бригадаи аз 14 нафар иборати онҳо аз моҳи декабри соли 2012 то моҳи марти соли 2013 як ҳаҷми муайяни корҳои сохтмонӣ аз рӯи фармоиши ширкати «СМ-Строй»-ро ба иҷро расонида, вале 2 моҳи ахир бо сабабҳои номаълум музди меҳнати онҳо дар ҳаҷми умумии 650 ҳазор сомонӣ пардохт намешавад.

«Кормандони намояндагӣ бо роҳбари ширкати мазкур Владимир Смагин вохӯрда, ба ҷонибҳо муяссар шуд, ки масъаларо мусбат ҳаллу фасл созанд. Санаи 19-уми июн корхона қарз аз музди меҳнат ба муҳоҷирони тоҷикро пурра пардохт намуд», – таъкид кард Аҳмадов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Ҷумҳурӣ воқеан метавонад дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир бошад, аммо ин ҷо як нозукӣ вуҷуд дорад...

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.