Президент мири шаҳри Сяменро ба ҳузур пазируфт

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мири шаҳри Сямени Ҷумҳурии мардумии Чин Лю Кэтсинро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ташкил ва густариши ҳамкории Тоҷикистону шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз ҷумла дар доираи бародаршаҳрии Душанбею Сямен баррасӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон аз таассуроти накӯ ва натиҷаҳои боздиди худ аз ин […]

ASIA-Plus


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мири шаҳри Сямени Ҷумҳурии мардумии Чин Лю Кэтсинро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ташкил ва густариши ҳамкории Тоҷикистону шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз ҷумла дар доираи бародаршаҳрии Душанбею Сямен баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз таассуроти накӯ ва натиҷаҳои боздиди худ аз ин шаҳр, ки моҳи июни соли 2012 сурат гирифта буд, ёдовар шуда, изҳори боварӣ намуд, ки робитаҳои ду ҷониб судбахш хоҳанд буд. Таъкид гардид, ки муносиботи ба сатҳи стратегӣ расидаи Тоҷикистону Чин барои густариши ҳамкории гуногунҷанба заминаи мусоид эҷод намудааст.

Лю Кэтсин иттилоъ дод, ки барои барпо намудани робитаҳои мустақими созанда ӯро дар ин сафар, ҳамчунин як гурӯҳ соҳибкорони бонуфузи шаҳри Сямен ҳамроҳӣ мекунанд.

Зимни суҳбати самимӣ доир ба роҳҳои гуногуни ташкил ва густариши ҳамкорӣ, иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои омодаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯй сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.