Шумори квотаҳо барои зойирини тоҷик 20% кам шуд

Ба Тоҷикистон оид ба кам шудани шумори квотаҳо ба андозаи 20% ҷиҳати адои маросими ҳаҷҷи имсола аз Арабистони Саудӣ мактуби расмӣ расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси Кумитаи умури дини кишвар Мавлон Мухторов хабар дод, мактуби расмӣ ба унвони Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ирсол шуда, баррасии ин масъала ба дӯши ҳукумат вогузор шудааст. «Айни […]

ASIA-Plus


Ба Тоҷикистон оид ба кам шудани шумори квотаҳо ба андозаи 20% ҷиҳати адои маросими ҳаҷҷи имсола аз Арабистони Саудӣ мактуби расмӣ расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси Кумитаи умури дини кишвар Мавлон Мухторов хабар дод, мактуби расмӣ ба унвони Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ирсол шуда, баррасии ин масъала ба дӯши ҳукумат вогузор шудааст.

«Айни замон ин масъала дар ҳукумат мавриди баррасӣ қарор дошта, мо дақиқан гуфта наметавонем, ки интихоби ин шумор аз зойирини муқарраршуда чӣ гуна сурат мегирад, зеро мо имрӯз тибқи квотаи қаблан барои Тоҷикистон муайяншуда ҳуҷҷатҳои 6 ҳазор нафарро барои адои маросими ҳаҷ қабул кардааем. Танҳо пас аз ҳаллу фасли ниҳоии масъала дар ҳукумат, мо дар ин хусус изҳороти расмӣ дода метавонем», – зикр кард М.Мухторов.

Ҳамин тариқ, акнун аз 6 ҳазор зойирини қаблан барои маросими адои ҳаҷ аз Тоҷикистон интихобшуда танҳо 4,8 ҳазор нафарашон ба Арабистони Саъудӣ сафарбар мешаванд.

Қобили зикр аст, ки соли равон Арабистони Саъудӣ барои зоёирини тамоми кишварҳо шумори квотахоро ба андозаи 20% кам мекунад. Ин тасмим баҳри он гирифта мешавад, ки зойирини макони муқаддас зимни адои маросими ҳаҷ нороҳатӣ ҳис накунанд, зеро дар шаҳрҳои Ҷиддаву Мадина корҳои васеъсозии фурудгоҳ, ду масҷид, бахусус мавзеи атрофи Каъба ва ҳамчунин роҳҳои самти водии Арафот ва Мино идома доранд.

Ёдрас мекунем, ки соли равон зиёда аз 6 ҳазор нафар тоҷикистониён бояд ба адои маросими ҳаҷ раҳсипор мешуданд. Ҳавопаймои нахустин бо зойирини тоҷик рӯзи 20-уми сентябри соли равон аз Душанбе ба Ҷидда раҳсипор мегардад. Парвозҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватании «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» анҷом дода мешаванд.

Нархи ҳаҷҷи соли гузашта 17 ҳазору 127 сомонӣ (3 ҳазору 546 $)  ва имсол бошад, дар муқоиса ба соли гузашта 497 сомонӣ (103 $) фарқ дошта, 17 ҳазору 625 сомонӣ (беш аз 3 ҳазору 710 доллари ИМА тибқи қурби Бонки миллии Тоҷикистон)-ро ташкил медиҳад. Соли 2011 арзиши адои маросими ҳаҷ барои тоҷикистониён 3 ҳазору 448 доллари ИМА-ро ташкил дода буд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.