«Тиллои тоҷик» азхудкунии кони навро оғоз кард


Дар кони тиллои пошидаи «Себи коп»-и воқеъ дар наздикии дарёи Яхсу дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон корхонаи истихроҷи «Тиллои тоҷик» ба корҳои азхудкунии кон оғоз кард.

Директори корхона Алимурод Эдмуродов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки айни замон дар наздикии кон иншооти зарбинои зарурӣ, аз қабил роҳ, хатти интиқоли барқ ва ғайра бунёд мегардад.

«Конҳои «Бомавло» ва «Сафеддара», ки мо ҳоли ҳозир корҳои азхудкунии онҳоро оғоз кардем, ба кони Ёхсу мансубанд. Соли равон мо бо сохторҳои тиҷоратӣ ҳамкориро шурӯъ намуда, бо онҳо қарордод ба имзо расонидем ва айни замон онҳо дар майдонҳои дигари мо фаъолият доранд», – иброз дошт ӯ.

Бино ба маълумоти аз Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ расида, дар минтақаи тиллои пошидаи «Себи копа» корҳои иктишофи геологӣ гузаронида шуда, тибқи натиҷаҳои пешакӣ, захираи кон дар ҳаҷми 2 тонна бо таркиби миёнаи 0,7 грамм ба як метри мукааб тасдиқ шудаанд ва афзоиши захираҳои кон пас аз корҳои иктишофии иловагӣ аз эҳтимол дур нест.

«Зимни таҳқиқи минтақаи мазкур афзоиши захираҳо имконпазир буда, истихроҷ дар ин минтақа душвор аст, зеро кон дар наздикии дарёи Яхсу воқеъ буда, онро кӯҳҳо иҳота кардаанд», – гуфтанд дар Саридораи геология.

Корхонаи истихроҷи тиллои «Тиллои тоҷик» дар вилояти Хатлон ҷойгир аст. Қаблан ин корхона корхонаи муштараки «Дарвоз»-и Тоҷикистону Канда номида мешуд, айни замон бошад, корхонаи давлатии истихроҷи тилло аст. Тиллои аз ҷониби ин корхона истихроҷшуда дар бозорҳои хориҷӣ фурӯхта нашуда, ба ихтиёри давлат супурда мешавад.

Имрӯз дар Тоҷикистон се корхонаи бузурги истихроҷи тилло – корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Тоҷикистону Чин, «Тиллои тоҷик» ва корхонаи муштараки «Апрелевка»-и Тоҷикистону Канада фаъолият мекунанд.

Соли 2011 дар Тоҷикистон 2 тоннаву 240,1 кило тилло истихроҷ гардид, ки нисбат ба соли 2010 ба миқдори 134,8 кило зиёдтар буд. Соли 2012 бошад, 2,4 тонна тилло истеҳсол шуда, соли 2013 низ истихроҷи ҳамин миқдор тилло дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки аз соли 1998 то соли 2010 ҳаҷми истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон 1,6-1,8 тоннаро ташкил медод. Соли 2010 бори нахуст тайи солҳои ахир 2 ҳазору 50 кило тилло истихроҷ гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2009 ба миқдори 690 кило зиёдтар буд.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи марти соли равон

коргоҳи поксозии тилло

(аффинажӣ)-и корхонаи истеҳсоли тиллои корхонаи муштараки «Зарафшон» мавриди истифода қарор гирифт. Дар Тоҷикистон беш аз 30 адад конҳои тилло мавҷуданд, ки тибқи пешгӯии коршиносон, дорои ҳудуди 450 тонна тиллои коркарднашуда мебошанд. 

spot_imgspot_img

Популярное