Курси омӯзишии ИА оид ба қисматҳои гендерии амният

Бисту панҷ нафар кормандони сатҳи баланд ва миёна, ки аз намояндагони маъмурии маҳаллӣ, ҷамоатҳо, кормандони қудратӣ, мутахассисони вилояти сарҳадии Баткени Ҷумҳурии Қирғизистон ва шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буданд, дар семинари дурӯзаи «Қисматҳои гендерии амният. Нақш ва ваколати мақомоти ҷамъиятӣ ва худидоракунӣ дар татбиқи сиёсати гендерӣ тибқи талаботи давлат» ширкат варзиданд. Семинари мазкур аз ҷониби […]

ASIA-Plus


Бисту панҷ нафар кормандони сатҳи баланд ва миёна, ки аз намояндагони маъмурии маҳаллӣ, ҷамоатҳо, кормандони қудратӣ, мутахассисони вилояти сарҳадии Баткени Ҷумҳурии Қирғизистон ва шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буданд, дар семинари дурӯзаи «Қисматҳои гендерии амният. Нақш ва ваколати мақомоти ҷамъиятӣ ва худидоракунӣ дар татбиқи сиёсати гендерӣ тибқи талаботи давлат» ширкат варзиданд.

Семинари мазкур аз ҷониби Барномаи БОМКA (сарпарасташ Иттиҳоди Аврупо) дар ҳамкорӣ бо БРСММ-и Ҷумҳурии Қирғизистон ташкил карда шудааст.

Тавре Сӯҳроб Қаҳҳоров, менеҷери Барномаи БОМКА дар ҶТ хабар дод, ду тренер ба марзбонон, кормандони қудратӣ ва ҳукумати маҳаллӣ иттилооти аввалиндараҷа ва мукаммалро оиди мавзӯъҳои гендерӣ пешниҳод намуданд. Дар ҷараёни семинари мазкур иштирокчиёни семинар бо мафҳумҳои асосии сиёсати гендерӣ, муқаррароти асосии қонунгузории миллӣ ва байналмилаллӣ дар самти гендерӣ ва масъулияти кормандони марзӣ ва ҳукумати маҳаллӣ дар иҷроиши сиёсати мазкур ошно гардиданд.

Омӯзгорон ҳамчунин мавзӯи ҳалли дурусти мушкилоти гендериро, ки ба рушди иқтисодии минтақаҳои фаромарзӣ оварда мерасонад, баррасӣ намуданд.

Ҳадафи барномаи БОМКА ин кӯмак намудан дар такмили бехатарӣ дар Осиёи Марказӣ, мусоидат намудан дар қонунӣ гардонидани тиҷорат ва транзит ва ҳамчунин пешгирӣ намудани убури ғайриқонунии одамон тавассути сарҳадоти Осиёи Марказӣ мебошад.

Барномаи БОМКA аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ гардида ва фаъолиятҳои он тавассути БРСММ ва Маркази Байналмилалии Сиёсати Рушди Муҳоҷират амалӣ мешаванд (МБСРМ).

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.