Садамаи ҳалокатбори автомашинаи Вазорати мудофиа

Date:


Чанде қабл автомашинаи «КамАЗ»-и мутааллиқ ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар километри 46-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд ба садама дучор гардид.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар автомашинаи чаппашуда гурӯҳи афсарону сарбозон ҷиҳати хизмати минбаъда ба вилояти Суғд раҳсипор шуда буданд.

«Бар асари ин садама лейтенант Баёнқул Холов ҳалок ва ду афсару 31 нафар сарбозон бо ҷароҳатҳои гуногун ба Маркази миллии солимии Тоҷикистон ва госпитали Вазорати мудофиаи дар шаҳри Душанбе бистарӣ шуданд», – гуфт Маҳмадалиев.

Ба қавли ӯ, аз рӯйи ин далел нозироти ҳарбии автомобили Вазорати мудофиа санҷиш доир мекунад. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...