ALLplan низоми гармидиҳии Кӯлобро барқарор мекунад

Як гурӯҳи мутахассисони ширкати австриягии  ALLplan  аз шаҳри Кӯлоб боздид намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Кӯлоб Суҳробшо Фаррухшоев хабар дод, бо ширкати австриягӣ дар бораи барқарор намудани низоми гармидиҳӣ дар ду микрорайони бузурги шаҳри Кӯлоб – ба номи Шоҳин ва Борбад мувофиқаи усулӣ ҳосил шудааст. Ба қавли ӯ, мушкилот дар […]

Турко Дикаев


Як гурӯҳи мутахассисони ширкати австриягии  ALLplan  аз шаҳри Кӯлоб боздид намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Кӯлоб Суҳробшо Фаррухшоев хабар дод, бо ширкати австриягӣ дар бораи барқарор намудани низоми гармидиҳӣ дар ду микрорайони бузурги шаҳри Кӯлоб – ба номи Шоҳин ва Борбад мувофиқаи усулӣ ҳосил шудааст.

Ба қавли ӯ, мушкилот дар он аст, ки солҳои 90-уми асри гузашта низоми гармидиҳии шаҳри Кӯлоб комилан хароб гардида, минбаъд зерсохтори мутааллиқи он хусусӣ гардонида шуданд.

«Зимни мулоқот бо намояндагони ширкати австриягӣ маълум шуд, ки онҳо аз чунин душвориҳо ҳарос надоранд», – иброз дошт номбурда ва илова намуд, ки дегхонаҳо бо назардошти маҳдудияти интиқоли барқ, яъне бо истифода аз сӯзшвории алтернативӣ сохта мешаванд.

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омода аст, ки маблағгузории ин корҳоро ба дӯш гирад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.