Оғози Рӯзҳои фарҳанги Украина дар Тоҷикистон

Чанде қабл як гурӯҳи эҷодкорону ҳунармандони Украина таҳти сарварии муовини вазири фарҳанги ин кишвар Виктор Болюрко ҷиҳати баргузории Рӯзҳои фарҳанги Украина дар Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар доданд, ки ба ҳайати Украина ҳунармандони Оркестри миллии асбобҳои мусиқии халқии Украина, ансамбли «Древляне», актриса Елена […]

ASIA-Plus


Чанде қабл як гурӯҳи эҷодкорону ҳунармандони Украина таҳти сарварии муовини вазири фарҳанги ин кишвар Виктор Болюрко ҷиҳати баргузории Рӯзҳои фарҳанги Украина дар Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

Аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар доданд, ки ба ҳайати Украина ҳунармандони Оркестри миллии асбобҳои мусиқии халқии Украина, ансамбли «Древляне», актриса Елена Проскуряко ва дигарон шомиланд.

«Дар доираи ин чорабинӣ имрӯз дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ вохӯрии вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ бо Виктор Болюрко доир гардида, бо иштироки меҳмонон конфронси матбуотӣ доир мегардад», – гуфтанд дар вазорат.

Ҳамчунин дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ имрӯз маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Украина дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Сипас консерти муштараки ҳунармандони Украинаву Тоҷикистон доир мегардад.

Пагоҳ, рӯзи 25-уми июн ҳайати Украина аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, нерӯгоҳи барқии «Норак» ва китобхонаи «Дӯстии халқҳо» боздид мекунанд. Рӯзҳои 25-26-уми июн дар маҷмааи Кохи Ҷомӣ меҳмонони украинӣ филмҳои «За двумя зайцами» ва «В бой идут одни старики»-ро намоиш медиҳанд. Ҳамчунин рӯзи 25-уми июн дар майдони Парчами миллӣ консерти ҳайати ҳунармандони Украина баргузор мешавад.

Рӯзи 26-уми июн дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ консерти муштараки ҳунармандони Украинаву Тоҷикистон доир гардида, Рӯзҳои фарҳанги Украина дар Тоҷикиситон ба итмом мерасанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.