Авҷи мавсими алафдаравӣ дар фурудгоҳи пойтахт

Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе даври дуюми даравидани алаф шурӯъ шуд. Майдони умумии алафҳо 110 га- ро ташкил медиҳад. Тавре сухангӯи ФБД Муҳаммаюсуф Шодиев хабар дод, кормандони хадамоти аэродром ва хадамоти хизматрасониҳои рӯизаминӣ даври аввали дарави алафро анҷом дода, ҳамакнун ба дарави дуюм шурӯъ карданд. Муҳандиси пешбари хадамоти аэродром Абдухолиқ Абдухолиқов иброз дошт, ки алафи майдони […]

ASIA-Plus


Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе даври дуюми даравидани алаф шурӯъ шуд. Майдони умумии алафҳо 110 га- ро ташкил медиҳад.

Тавре сухангӯи ФБД Муҳаммаюсуф Шодиев хабар дод, кормандони хадамоти аэродром ва хадамоти хизматрасониҳои рӯизаминӣ даври аввали дарави алафро анҷом дода, ҳамакнун ба дарави дуюм шурӯъ карданд.

Муҳандиси пешбари хадамоти аэродром Абдухолиқ Абдухолиқов иброз дошт, ки алафи майдони фурудгоҳ ба хотири таъмини бехатарии парвозҳо даравида мешавад. «Саривақт ва хушсифат даравидани алаф имкон медиҳад, ки паррандагон фурсати лонагузорӣ наёбанд, ғӯраи алаф нарезад, то паррандагон ҷалб нашаванд. Дар сурати  дар ҳудуди фурудгоҳ ҳамъ шудани паррандагон, эҳтимолияти бархӯрд бо ҳавопаймоҳо зиёд мешавад», – иброз дошт А. Абдухолиқов.

Фурудгоҳ ҳамасола воситаҳои гуногуни аз ҳисоби фаъолияти ғайриавиатсионӣ пур кардани хазинаро ҷустуҷӯ менамояд ва як омили он ба фурӯш баровардани алафи даравидашуда аст. То имрӯз алафи даравидашуда қисман ба кормандони фурудгоҳ ва асосан ба хоҳагии деҳқонии «Сабзикор»-и ноҳияи Рӯдакӣ фурӯхта шуд. Хоҷагии деҳқонии «Сабзикор» то имрӯз аз ҳисоби фурудгоҳ 91 тележка алаф захира намудааст.

Дар мавсими алафдаравӣ аз 6 трактор, 5 комбайни алафдарави КИР-1,5 ва 7 тележка истифода бурда мешавад.

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз калонтарин фурудгоҳҳои кишвар ба ҳисоб рафта, интиқоли мусофирон ҳамасола рӯ ба афзоиш мениҳад. Соли 2012 ба 1 349 164 мусофир хизмат расонида шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Ҷумҳурӣ воқеан метавонад дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир бошад, аммо ин ҷо як нозукӣ вуҷуд дорад...

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.