Конфронси ҲХДТ оид ба нақши занон дар дастоварди сулҳ

Нимаи дуюми имрӯз дар маҷмааи давлатии Кохи Ваҳдати пойтахт Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши занон дар ноил гардидан ба сулҳу созиш дар кишвар» конфронси умумиҷумҳуриявӣ доир менамояд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари маркази таҳлил ва таблиғоти ҲХДТ Адҳам Мирсаидов хабар дод, дар конфронс доир ба ин мавзӯъ роҳбари шуъбаи ҲХДТ оид […]

Аваз Юлдошев


Нимаи дуюми имрӯз дар маҷмааи давлатии Кохи Ваҳдати пойтахт Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши занон дар ноил гардидан ба сулҳу созиш дар кишвар» конфронси умумиҷумҳуриявӣ доир менамояд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари маркази таҳлил ва таблиғоти ҲХДТ Адҳам Мирсаидов хабар дод, дар конфронс доир ба ин мавзӯъ роҳбари шуъбаи ҲХДТ оид ба кор бо занон Фирӯза Шарифова, роҳбари фраксияи ҲХДТ дар палатаи поёнии парлумон Махфират Хидирова, фаъолони ҳаракати занон дар кишвар ва ҳамчунин намояндагони ҷавонони донишҷӯи пойтахт ибрози назар мекунанд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 217 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.