Садамаи ҳалокатбори автомашинаи Вазорати мудофиа

Чанде қабл автомашинаи «КамАЗ»-и мутааллиқ ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар километри 46-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд ба садама дучор гардид. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар автомашинаи чаппашуда гурӯҳи афсарону сарбозон ҷиҳати хизмати минбаъда ба вилояти Суғд раҳсипор шуда буданд. «Бар асари ин садама лейтенант Баёнқул […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл автомашинаи «КамАЗ»-и мутааллиқ ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар километри 46-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд ба садама дучор гардид.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар автомашинаи чаппашуда гурӯҳи афсарону сарбозон ҷиҳати хизмати минбаъда ба вилояти Суғд раҳсипор шуда буданд.

«Бар асари ин садама лейтенант Баёнқул Холов ҳалок ва ду афсару 31 нафар сарбозон бо ҷароҳатҳои гуногун ба Маркази миллии солимии Тоҷикистон ва госпитали Вазорати мудофиаи дар шаҳри Душанбе бистарӣ шуданд», – гуфт Маҳмадалиев.

Ба қавли ӯ, аз рӯйи ин далел нозироти ҳарбии автомобили Вазорати мудофиа санҷиш доир мекунад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.