Дастаи ҳунармандони Сирки лилипутҳо (паканаҳо)-и шаҳри Маскав намоишномаи рангини худро дар бинои Сирки давлатии шаҳри Душанбе пешкаши тамошобинон мекунанд. Намоишнома ҳамарӯза то 14-уми июл идома хоҳад ёфт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори Сирки давлатии Тоҷикистон Қурбон Зоҳиров хабар дод, тамошобинони тоҷик метавонанд аз барномаҳои рангини 2-соата, ки аз 11 саҳнаи ҳунарӣ иборат аст, баҳра баранд. Дар намоиш 29 бозигар ва 75 ҳайвони ромшудаи хонагиву ваҳшӣ ҳунар менамоянд.
Ба гуфтаи мавсуф, бо назардошти ҷойи нишаст, арзиши билетҳо аз 20 то 50 сомониро ташкил дода, барнома рӯзҳои корӣ – соати 19:00 ва рӯзҳои истроҳат – соатҳои 15:00 ва 19:00 намоиш дода мешавад.
Сирки лилипутҳои Маскав дар Душанбе
by Slidely – Slideshow videos


