Сирки лилипутҳои Маскав дар Душанбе (акс)

Дастаи ҳунармандони Сирки лилипутҳо (паканаҳо)-и шаҳри Маскав намоишномаи рангини худро дар бинои Сирки давлатии шаҳри Душанбе пешкаши тамошобинон мекунанд. Намоишнома ҳамарӯза то 14-уми июл идома хоҳад ёфт.   Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори Сирки давлатии Тоҷикистон Қурбон Зоҳиров хабар дод, тамошобинони тоҷик метавонанд аз барномаҳои рангини 2-соата, ки аз 11 саҳнаи ҳунарӣ иборат аст, […]

Азия-Плюс


Дастаи ҳунармандони Сирки лилипутҳо (паканаҳо)-и шаҳри Маскав намоишномаи рангини худро дар бинои Сирки давлатии шаҳри Душанбе пешкаши тамошобинон мекунанд. Намоишнома ҳамарӯза то 14-уми июл идома хоҳад ёфт.  

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори Сирки давлатии Тоҷикистон Қурбон Зоҳиров хабар дод, тамошобинони тоҷик метавонанд аз барномаҳои рангини 2-соата, ки аз 11 саҳнаи ҳунарӣ иборат аст, баҳра баранд. Дар намоиш 29 бозигар ва 75 ҳайвони ромшудаи хонагиву ваҳшӣ ҳунар менамоянд.

Ба гуфтаи мавсуф, бо назардошти ҷойи нишаст, арзиши билетҳо аз 20 то 50 сомониро ташкил дода, барнома рӯзҳои корӣ – соати 19:00 ва рӯзҳои истроҳат – соатҳои 15:00 ва 19:00 намоиш дода мешавад.


Сирки лилипутҳои Маскав дар Душанбе

by Slidely – Slideshow videos

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.