Намоиши филми ҳунарӣ зери осмони кушод (видео)

Бори аввал дар Душанбе 21-уми июн зери осмони кушод филми ҳунарии  итолиёвии «Ҳаёт зебост» (La vita è bella)  ба намоиш гузошта шуд. Барои тамошои ин филм, ки  бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъияитии «Пешрафт»   дар саҳни варзишгоҳи «Спитамен», собиқ «Спартак» манзури дӯустдорони синамо гардид, зиёда аз 100 нафар ҷамъ омаданд. Чӣ тавре ки сарвари иҷроияи ин […]

Гурдофариди Соҳибназар


Бори аввал дар Душанбе 21-уми июн зери осмони кушод филми ҳунарии 



итолиёвии «Ҳаёт зебост» (La vita è bella)



 ба намоиш гузошта шуд.

Барои тамошои ин филм, ки 

бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъияитии «Пешрафт»


 


дар саҳни варзишгоҳи «Спитамен», собиқ «Спартак» манзури дӯустдорони синамо гардид, зиёда аз 100 нафар ҷамъ омаданд.

Чӣ тавре ки сарвари иҷроияи ин ташкилот Ситора Турсунова дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт: «Маблағҳое, ки аз намоиши филм ва фурӯши  нӯшокиву шириниҳо ба даст омадаанд, ба корҳои хайр, яъне барои мадад ба муҳассилини мактаб-интернатҳо ва тарбиятгирандагони кӯдакистонҳои махсуси кишвар сарф мегарданд».

Мӯътабар Раҳимова, ки ба майдони «Спитамен» бо аҳли оилааш омада буд, гуфт, ки аз тамошои филм зери осмони кушод хеле ҳаловат бурд. Ӯ қайд кард: «Фарзандонам ин шом ба ташкилоти «Пешрафт» довталабона мадади худро расонида истодаанд. Ва ман аз ин хеле хурсандам. Ба назарам, ин гуна ҳамоишҳои хайриявӣ бояд бештар созмон дода шаванд. Мо дар баробари вақти хешро бо аҳли оила хуш гузаронидан, боз кори нек ҳам мекунем. Хурсанд аз онем, ки саҳми худро дар ин кори хайр мегузорем».


Sohibnazar”s Slidely

by Slidely – Slideshow videos

Фарҳод Назаров, сокини пойтахт дар бораи таассуроташ баъд аз тамошои филми мазкур  ба ОИ «Азия-Плюс» чунин нақл кард: «Филми воқеан ҳам таъсирбахш  буд. Дар он аз зиндагии халқи яҳуд, ки бисёр таҳқир мешуданд, нақл мерафт. Хеле саргузашти вазнин, вале аз як тараф филми мазҳакавӣ буд. Таассуротам аз тамошои он мусбат аст. Ин ҷо ҳама бо оилаҳои худ омадаанд, ки дар шаҳр чунин ҳамоиш кам ба назар мерасад. Агар боз чунин ҷамъомадро ташкил кунанд, меоем. Ба дигарон ҳам гуфтаниям, ки ҳатман ба чунин нишастҳо оянд».

Сарпарасти лоиҳа ҶДММ «Газпромнафт-Тоҷикистон» буда, п

ӯшиши техникӣ бар ӯҳдаи кинотеатри «Ҷавонон» ва маркази фарҳангии Bactria вогузор шудааст ва


астгирии иттилоотиро 


радиои «Ватан»


таъмин кардааст. 

Филми «Ҳаёт зебост» асари итолиёвист, ки дар жанри  трагикомедия соли 1997 ба навор гирифта шудааст. Роберто Бенини ва Николетта Браски дар он нақшҳои асосиро офаридаанд.

Дар як муддати кӯтоҳ филми мазкур дар арсаи байнулмилалӣ шинохта шуда, дорои шоҳҷоизаҳои ҷашнвораҳои Канн ва Оскар гардидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.