Шиносоии Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ширкати Tcell

Дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи дафтари кории ширкати Tcell дар шаҳри Хуҷанд, воқеъ дар қисмати чапи маркази тиҷоратии TAJCITY ширкат варзид. Дар иттилоияи интишоршуда ширкати Tcell зикр мегардад, ки пас аз маросими тантанавии ифтитоҳи бинои 6-ошёнаи маркази тиҷоратии TAJCITY, президент ва нафарони ҳамроҳи ӯ бо иншооти […]

Иттилоияи расмӣ


Дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи дафтари кории ширкати Tcell дар шаҳри Хуҷанд, воқеъ дар қисмати чапи маркази тиҷоратии TAJCITY ширкат варзид.

Дар иттилоияи интишоршуда ширкати Tcell зикр мегардад, ки пас аз маросими тантанавии ифтитоҳи бинои 6-ошёнаи маркази тиҷоратии TAJCITY, президент ва нафарони ҳамроҳи ӯ бо иншооти дигари дохили марказ, аз ҷумла фаъолияти дафтари нави кории ширкати Tcell аз наздик ошно гардиданд.

Мудири кулли ширкат Мансур Ҳамидов ба президент ва меҳмонони ҳамроҳи ӯ дар бораи хизматгузориҳои хушсифати телекоммуникатсионии ҷавобгӯи сатҳи ҷаҳонии ширкат, сармоягузориҳо баҳри рушди бахши телекоммуникатсияи мобилӣ ва омодасозии кадрҳои ҷавон дар ҷумҳурӣ маълумот дод.

Қобили зикр аст, ки дафтари кории мазкури ширкат барои пешниҳоди хизматгузориҳо ба мизоҷон пешбинӣ гардида, ҳамчунин якчанд нафар мутахассисони ҷавонро бо ҷойҳои корӣ таъмин мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.