Омодагии аҳолии кишвар ба моҳи шарифи Рамазон (садо)

Date:


Оғози моҳи шарифи Рамазон имсол ба таърихи 9-уми июл, рўзи сешанбе рост меояд. Дар ин бора ба сомонаи иттилоотии Islamnews.tj аз Шӯрои уламои Тоҷикистон хабар доданд.


ОИ «Азия-Плюс» миёни сокинони пойтахт ва фаъолони шабакаи иҷтимоии Фейсбук пурсише баргузор кард, ки тибқи он аз 100 нафар 89% ба  гирифтани рўза омода буда, 11% бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла гарм будани ҳаво аз рўзадорӣ худдорӣ мекунанд.

Сокини маҳаллаи Телмани ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахти кишвар, Маҳина (насабашро ифшо накард) ба ОИ «Азия-Плюс» гуфт, ки тӯли 20 соли охир пайваста рӯза медошт, вале имсол аз сабаби хеле гарм будани ҳаво гумон аст , ки аз уҳдаи рӯзадорӣ барояд.

Дар робита ба боло рафтани нархи маҳсулот дар моҳи шарифи Рамазон Маҳина гуфт: «Ман худам бозорӣ мекунам ва медонам, ки дар арафаи ид ва умумн дар айёми моҳи шарифи Рамазон қимати хӯрокворӣ гарон мешавад. Рамазон ки сар шуд, то Иди фитр қимматӣ дар бозори «Шоҳмансур» идома меёбад. Мисол, агар соли гузашта нархи гӯшт 30 сомониро ташкил медод, дар вақти рӯзадорӣ нархи он то ба 35 сомонӣ бардошта шуда буд. Имсол ҳам гумон аст, ки аҳвол дигар шавад»,- изҳор дошт мавсуф.

Яке аз фурӯшандагони бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт Наврӯз Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» гуфт, ки дар моҳи шарифи рамазон аз сабаби кам ҳосил ба даст овардани деҳқонон нархи маҳсулот дар бозорҳои шаҳр боло меравад.

«Дар вақти Рамазон деҳқонҳо рӯзадоранд. Агар рӯзҳои дигар то 15-16 халта картошка чамъ оваранд, дар вақти рӯзадорӣ 3 ё 4 халта ҳосил меғундоранд. Ҳамагӣ 2 соат кор мекунанд. Аз ҳамин ҳисоб маҳсулот дар бозор кам мешавад ва одамон баъзан дар ин айём омода ҳастанд, ки ба ҳар қимат маҳсулот харанд. Лекин дар давоми ин моҳ касе ҳуқуқ надорад, ки нархи давлатии гузошташударо баланд бардорад. Мисол, агар нархи картошка 1 сомниву 60 дирам муайян шуда бошад, аз он баландтар фурӯхта наметавонем, чун ба ҷавобгарӣ кашида мешавем», – гуфт Саидов.

Ба гуфтаи сардори шуъбаи маҳсулоттайёркунии раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Талбак Худойназаров, ин муассиса дар моҳи шарифи Рамазон бо мақсади таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулот пайваста ярмаркаҳо баргузор мекунад.

Ӯ мегӯяд, бо мақсади дастгирии деҳқонон ва дигар муассисаҳои кишоварзӣ раёсати мазкур бо хоҷагиҳои деҳқонӣ то ба имрӯз 405 адад шартнома бастааст, ки мутобиқи он ба ярмаркаҳо 29 ҳазору 616 тонна маҳсулот оварда мешавад. Тибқи ин шартнома, раёсат ба хоҷагиҳои деҳқонӣ тӯли 6 моҳи охир 225 ҳазор сомонӣ барои харидории тухмӣ ва селитра кӯмак кардааст, ки пасон деҳқонон дар навбати худ ба раёсат маҳсулоти ба даст овардаро 20% арзонтар аз нархи бозор мефурӯшанд.

Худойназаров кайд кард, ки дар асоси хамин шартнома, раёсат аз хоҷагиҳои деҳқонии Қӯрғонтеппа қабл аз рамазон 5 ҳазор тонна маҳсулоти барвақтӣ мехарад, ки он барои таъмини аҳолии вилояти Суғд, ВМКБ, минтақаи Рашт ва шаҳри Душанбе дар тӯли моҳи шарифи Рамазон сарф мегардад.

Ӯ гуфт: «Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани моҳи шарифи Рамазон ва ба танзим даровардани нархи наво дар бозорҳо, ки ҳамасола ба таври сунъӣ бардошта шудани он ба назар мерасад, имсол раёсат инчунин чораҳои заруриро меандешад. Дар асоси он тамоми хоҷагиҳо вазифадор гардидаанд, то моҳи шарифи Рамазон аз 20 то 25 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, 10-15 тонна маҳсулоти лубиёӣ ва ҳар як ташкилот бояд 20-30 сар чорвои шохдори калон ва хурд парварида, баъдан онро ба фурӯш бароранд. Инчунин тамоми ташкилотҳое, ки ба раёсат дахл доранд, вазифадор шудаанд, ки фурӯши гӯшти моҳӣ, шириниҳои миллӣ, аз ҷумла, нишолло ва маҳсулоти дигари аввалиндараҷаро ба бозорҳо расонанд».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...