АНМН: Мусодираи беш аз 200 кило маводи мухаддир

Тӯли се шабонарӯзи сипаришуда кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар доираи баргузории амалиёти «Кӯкнор-2013» беш аз 200 кило маводи мухаддирро дарёфт ва мусодира намуданд. Бино ба маълумоти маркази робита бо ҷомеаи АНМН, амалиёти якумро бо истифодаи усули «таҳвили назоратшаванда» кормандони оперативӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд гузаронида, дар натиҷа 50 кг ҳашиш мусодира […]

ASIA-Plus


Тӯли се шабонарӯзи сипаришуда кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар доираи баргузории амалиёти «Кӯкнор-2013» беш аз 200 кило маводи мухаддирро дарёфт ва мусодира намуданд.

Бино ба маълумоти маркази робита бо ҷомеаи АНМН, амалиёти якумро бо истифодаи усули «таҳвили назоратшаванда» кормандони оперативӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд гузаронида, дар натиҷа 50 кг ҳашиш мусодира карданд.

Ба иттилои манбаъ, кормандони Агентӣ амалиёти навбатиро дар ҳуҳуд ноҳияи Дарвози ВМКБ, ки бо вилояти Бадахшони ҶИА ҳамсарҳад аст, дар вақти амалӣ намудани хабари оперативӣ, аз муомилоти ғайриқонунӣ 152 кг афюнро мусодира намуданд.

Гуфта мешавад, барои содир кардани ҷиноятҳои мухаддиротии мазкур 4 нафар шаҳрвандони ҶТ дастгир карда шуданд. Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. 4 нафар дастгиршудагон ба Ттавқифгоҳи нигаҳдории муваққатии Агентӣ ворид карда шуданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.