Мусоидати Ҷопон дар бунёди мактаб дар Панҷакент

Рӯзи 25 июни соли 2013 маросими анҷом ёфтани «Лоиҳаи сохтмони мактаби миёнаи №51 дар ҷамоати Воруи ноҳияи Панҷакент» дар қишлоқи Вени ҷамоати Воруи ноҳияи Панҷакент баргузор шуд. Тавре аз сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, лоиҳаи мазкур аз ҷониби ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ бо маблағи 111,820 […]

ASIA-Plus


Рӯзи 25 июни соли 2013 маросими анҷом ёфтани «Лоиҳаи сохтмони мактаби миёнаи №51 дар ҷамоати Воруи ноҳияи Панҷакент» дар қишлоқи Вени ҷамоати Воруи ноҳияи Панҷакент баргузор шуд.

Тавре аз сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, лоиҳаи мазкур аз ҷониби ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ бо маблағи 111,820 доллари ИМА дастгирӣ гашт. Дар маросими анҷоми лоиҳа Такааки Коматсу, котиби сеюми сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ва Маҳбуба Гадоева, муовини раиси ноҳияи Панҷакент ширкат варзида, толибилмон ва кулли маъмурияти мактабро бо ин маросим табрик намуданд.

Мактаби мазкур соли 1985 сохта шуда, тайи заминларзаи шадид соли 2006 нисбатан хароб гардид. Аз он вақт инҷониб хонандагон маҷбуран дар мадрасаи ҳамсоя таҳсилро идома медоданд. Бинобар сабаби корношоям гаштани таҷҳизоти омӯзишӣ, аз ҷумлаи мизу курсӣ ва тахтасинфҳо ва бар замми ин камбуди ҷой дар масҷид, аксари хонандагони ин мавзеъ дигар ҳеҷ имкони мактабравӣ надоштанд.

Тавассути лоиҳаи мазкур бинои нави омӯзишӣ бо 6 синфхона сохта шуд. Бо саҳми Вазорати маорифи Тоҷикистон таҷҳизоти нави омӯзишӣ, ба мисли мизу курсӣ ва тахтаҳои синфӣ насб шуд. Бо бинои нав ва таҷҳизоти омӯзишӣ, мактаби мазкур ҳоло имкони омӯзиши 240 талабаро аз қишлоқи Вен ва маҳалҳои гирду атрофи он пайдо намуд.

Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Лоиҳаҳои амнияти башарӣ дар бахши аъзами аҳолӣ 301 лоиҳаро ба маблағи умумии $23.2 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.