Кӯмаки БАТР дар таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ

Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Созишномаи қарзӣ байни КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки Аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) оид ба лоиҳаи беҳтар намудани системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимол ва ҷануби Тоҷикистон, марҳилаи 2-ро вакилон бидуни баррасӣ ва якдилона маъқул шумориданд. Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»и […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Созишномаи қарзӣ байни КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки Аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) оид ба лоиҳаи беҳтар намудани системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимол ва ҷануби Тоҷикистон, марҳилаи 2-ро вакилон бидуни баррасӣ ва якдилона маъқул шумориданд.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»и Тоҷикистон Алимурод Тағоймуродов изҳор намуд, ки айни замон 48,6%-и аҳолии ҷумҳурӣ ба оби нӯшокии ҷавобгӯи меъёрҳои байнулмилалӣ дастрасӣ дорад.

Ба қавли ӯ, бо мақсади таъмини аҳолии кишвар бо оби тозаи ошомиданӣ як қатор созишномаҳо, аз ҷумла бо БАТР ба имзо расида, лоиҳаҳои ин бахш фарогири 20 шаҳру навоҳии кишваранд, аммо онҳоро дар саросари ҷумҳурӣ мебояд амалӣ намуд.

«Лоиҳаи мавриди баррасӣ қароргирифта ба беҳбуди низоми обтаъминкунии шаҳрҳои минтақаи ҷануб ва шимоли кишвар равона гардида, дар шимол он шаҳру навоҳии Истаравшан, Панҷакент, Шаҳристон ва Зафаробод ва дар ҷануб ноҳияҳои Ёвону Ҷалолиддини Румиро дар бар мегирад», – иброз дошт Тағоймуродов.

Дар идома номбурда изҳор кард: «Барои чор ноҳияи минтақаи шимоли ҷумҳурӣ тибқи лоиҳаи ҷудо гардидани 15,5 млн. $, ки аз ин миқдор 8,5 млн. доллараш воситаҳои бурсӣ аст ва барои минтақаи ҷануб – 12 млн. $, ки 6 млн. доллараш воситаҳои бурсӣ аст, пешбинӣ гардидааст. Муҳлати амалисозии лоиҳа се сол, яъне то ахири соли 2016 муқаррар шудааст».

Ба гуфтаи муовини вазири молияи Тоҷикистон Руҳулло Ҳакимов, воситаҳои қарзӣ ба муҳлати 15 сол бо меъёри 1%-и солона пешниҳод шудааст. «Қарз аз ҳисоби ҷамъоварии маблағҳо барои хизматгузорӣ оид ба таъмини бо оби нӯшокӣ пардохта хоҳад шуд», – иброз дошт номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.