З.Саидов аз хизматгузории адвокат Ш.Қудратов даст кашид (видео)

Тоҷири маъруф Зайд Саидов, ки айни замон ба иттиҳоми гирифтани пора дар ҳаҷми ниҳоят зиёд дар тавқифгоҳи муваққатии КДАМ қарор дорад, аз хизматгузории яке аз адвокатҳояш – Шуҳрат Қудратов даст кашид. Худи Шуҳрат Қудратов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изхор дошт: «Дирӯз ҳангоми вохӯрӣ зерҳимояам ба ман изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки бо […]

ASIA-Plus


Тоҷири маъруф Зайд Саидов, ки айни замон ба иттиҳоми гирифтани пора дар ҳаҷми ниҳоят зиёд дар тавқифгоҳи муваққатии КДАМ қарор дорад, аз хизматгузории яке аз адвокатҳояш – Шуҳрат Қудратов даст кашид.

Худи Шуҳрат Қудратов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изхор дошт: «Дирӯз ҳангоми вохӯрӣ зерҳимояам ба ман изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки бо мақсади дифоъ аз ҳуқуқҳои зерҳимояам пофишорӣ кардан ва қотеъона дар мавқеи ҳимоят қарор доштани ман ӯро каме нороҳат мекунад, ки баъзан аз он муфаттишон меранҷанд»..

Адвокат гумон дорад, ки Саидов аз хизматгузории ӯ яқинан бо фишори тафтишот ба ивази ваъдаи баъзе сабукиҳо даст кашидааст. «Аз он дар тааҷҷубам, ки ҳамин як рӯз пеш аз ин Саидов ба хешовандонаш изҳор намуд, ки барои ӯ се адвокат кифоя аст ва аз писараш хоҳиш намуд, ки ҳимоятгарони дигар кироя накунад», – мегӯяд Қудратов.

Акнун аз ҳуқуқҳои Зайд Саидов ду адвокат – Фахриддин Зокиров ва Исҳоқ Табаров ҳимоят мекунанд.


Shuhrat Qudratov

from

Asia-Plus

on

Vimeo

.

Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид. Дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт дахолатнопазирии З.Саидов бекор шуд. Дар манзил ва дафтари кории З.Саидов кофтуков гузаронида шуд.

Санаи 22-юми майи соли равон суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба ҳабси тоҷир иҷозат дод. Рӯзи 24-уми май роҳбари Гурӯҳи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав», тоҷири маъруф Зайд Саидов аз бинои Агентии зиддифасод, ки аз замони боздошт дар он қарор дошт, ба тавқифгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Суди шаҳри Душанбе қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар мавриди чораи пешгирӣ нисбати Зайд Саидов дар шакли дар ҳабс нигоҳ доштанро бетағйир боқӣ гузошт.

Аввали ҳафтаи равон Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар бораи

ҳолатҳои нави

марбут ба парвандаи ҷиноии Зайд Саидов як иттилоияи расмӣ пахш намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.