«Боғи пойтахт» дар ихтиёри кӯдакон аз оилаҳои камбизоат

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, ба муносибати ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ шоми имрӯз дар боғи фарҳангу истироҳати «Боғи пойтахт» маросими тӯйи хатнасури кӯдакон аз оилаҳои камбизоат баргузор мешавад. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ин навбат 221 кӯдакон аз чор ноҳияҳои шаҳр хатнасур карда мешаванд, ки ба ифтихорашон фаъолияти Боғи мазкур […]

Аваз Юлдошев


Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, ба муносибати ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ шоми имрӯз дар боғи фарҳангу истироҳати «Боғи пойтахт» маросими тӯйи хатнасури кӯдакон аз оилаҳои камбизоат баргузор мешавад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ин навбат 221 кӯдакон аз чор ноҳияҳои шаҳр хатнасур карда мешаванд, ки ба ифтихорашон фаъолияти Боғи мазкур барои дигар категорияҳои шаҳрвандон қатъ карда шуда, барояшон аз соати 19 то 20 истифодабарии ройгони аттраксионҳо, аз 20 то 21 дастурхони тӯйона ороста,  соати 21 намоиши филми кӯдакона дар экрани обии фаввораҳои Боғ нишон дода мешавад.

Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон барояшон туҳфаҳо тақдим гардида, бо кушодани суратҳисоби бонкӣ  дар суратҳисоби  ҳар кадомашон 1000 сомонӣ аз ҳисоби шаҳрдорӣ интиқол дода мешавад, ки метавонанд танҳо дар синни 18-солагӣ онҳоро истифода намоянд.

Ба ифтихори ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ мақомоти шаҳрдории пойтахт дар МД «Душанбе-Плаза» расми ақди никоҳи 64 ҷуфт аз чор ноҳияҳои шаҳрро низ баргузор мекунад. Маросими тӯйи навхонадорон аз оилаҳои камбизоат дар тарабхонаҳои «Роҳат», «Яккачинор», «Қанд» ва қаҳвахонаи «Москва» баргузор шуда, дар ҳар як тарабхона барои хешовандону наздикон ва дӯстони 16 ҷуфти навхонадорон мизҳои тӯёна ороста мешаванд.

Намоишномаи театришуда ба бахшида ба ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ рӯзи 27-уми июн дар КВД «Наврӯзгоҳи пойтахт» доир гардида, дар ҷараёни  он муддати 7 дақиқа фейерверкҳо ба фазо партоб мегарданд. Дар ин рӯз аз соати 10 то соати 22 дар тамоми боғҳои фарҳангу истироҳати шаҳри Душанбе сайругашти дастаҷамъонаи сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе сурат мегирад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.