Интиқоли боз ду шаҳрванди тоҷик аз Сурия ба Маскав

Имшаб, соати 00.30 -и вақти Маскав, яъне шаби 25 ба 26-уми июнь тайёраи ВҲФ Русия боз 128 нафар шаҳрвандони Русия, давлатҳои ИДМ, аз ҷумла 2 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Сурия ба Маскав расонд. Тавре намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, кормандони масъули сафорат, ки  шоми дирӯз дар асоси дастури сафири […]

ASIA-Plus


Имшаб, соати 00.30 -и вақти Маскав, яъне шаби 25 ба 26-уми июнь тайёраи ВҲФ Русия боз 128 нафар шаҳрвандони Русия, давлатҳои ИДМ, аз ҷумла 2 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Сурия ба Маскав расонд.

Тавре намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, кормандони масъули сафорат, ки  шоми дирӯз дар асоси дастури сафири Абдулмаҷид Достиев ҷиҳати истиқболи боз 2  шаҳрванди Тоҷикистон, ки тавассути ҳавопаймои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия аз Сурия ба Маскав хоханд омад, ба фурудгоҳи байналмилалии Домодедово рафта буданд, шаҳрвандони мо- Саадун Елена Николаевна, соли таваллудаш  02.05.1975 ва духтари ӯ Саадун Ханса, соли таваллудаш 01.11.1993 ро истиқбол намуданд. Маълум шуд, ки онҳо сокинони шаҳри Хуҷанд мебошанд. Ҳанӯз солиёни пеш Елена Титанова ва шаҳрванди Сурия Халид Саадун, ки дар яке аз макотиби олии ш. Хуҷанд таҳсил мекард, бо ҳам издивоҷ намуда, соҳиби духтар шуда буданд. Муддате дар Хуҷанд иқомат доштанд, аммо баъдан ба Сурия кӯчиданд. То ба имрӯз доимӣ дар Димишқ иқомат доштанд ва бо Хуҷанд рафтуомад доштанд. Ахиран, сарвари хонавода бо нияти амни зану фарзандаш онҳоро ба Ватани аҷдодияшон фиристодааст.

Феълан бо мусоидати сафорати Тоҷикистон дар Русия, ба ин шаҳрвандон кӯмаку дастгирӣ ироа гардида, ҳуҷҷатҳои эшон ба тартиб оварда шуданд. Интизор меравад, ки онхо имрӯз бегоҳ бо хатсайри Маскав-Хуҷанд ба Ватан баргарданд. Феълан дар фурудгоҳи Домодедово корманди сафоратро ҳамчунин бародари Елена- Владимир, ки низ зодаи Тоҷикистон асту дар Санкт-Петербург иқомат дорад,  ҳамроҳӣ дорад. Онҳо ба сафорат арзи миннатдории зиёд баён медоранд.

Ёдовар мешавем, ки аз ин пештар ҳавопаймои ВҲФ Русия дар қатори дигар шаҳрвандон хонаводаи Тӯйчӣ Раҳимовҳои тоҷикистониро иборат аз 6 нафар то ба Маскав расонда буд, ки аз инҷо баъдан сафорат ва намояндагии Хадамоти муҳоҷирати кишварамон дар Русия бо мусоидати Созмони байналмилалии муҳоҷират ба Ватан интиқол дода буд. Меҳмонхонаи Тоҷикистон дар Маскава низ дар ин иқдоми башардӯстона тариқи ройгон ҷой кардани ин хонавода давоми як ҳафта ширкат намуда буд. Дар гузашта низ Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия дар як саф бо атбои Русия ва кишварҳои дигар, шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Яман, Миср ва Либия низ ба манотиқи амн интиқол дода буд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия бори дигар барои интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба мақомоти давлатии Русия, бахусус Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар барои ин амали башардӯстона сидқан изҳори сипос менамояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.