Саломатии афсарони ба садама дучоршуда хуб аст (садо)

Вазъи саломатии аскарони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки дар натиҷаи садама дар километри 46-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд захмӣ шуда буданд, хуб аст. Тавре сардори шуъбаи қабул ва эҳёи Маркази милии тандурустии Тоҷикистон (Қарияи боло) Ханҷар Бердиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, якшанбеи гузашта аскарон Давлатбек Қиёмиддинов (соли таваллуд 1991), Исмоил Камолов (с.т. 1988) ва Александр Смирнов […]

Гурдовариди Соҳибназар


Вазъи саломатии аскарони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки дар натиҷаи садама дар километри 46-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд захмӣ шуда буданд, хуб аст.

Тавре сардори шуъбаи қабул ва эҳёи Маркази милии тандурустии Тоҷикистон (Қарияи боло) Ханҷар Бердиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, якшанбеи гузашта аскарон Давлатбек Қиёмиддинов (соли таваллуд 1991), Исмоил Камолов (с.т. 1988) ва Александр Смирнов (с.т. 1988),  ки ба садама афтода буданд, ба муассисаи тиббии мазкур бо чароҳатҳои гуногун расонда шуданд.

Духтур Низомалӣ Мирзохонов вазъи саломатии низомиёнро қаноатбахш арзёбӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, аллкай 25-уми июл Александр Смирнов пас аз табобат аз муассисаи тиббӣ ҷавоб шуда, Исмоил Камолов барои давом додани табобат ба госпитали Вазорати мудофиа дар шаҳри Душанбе интиқол дода шуд.

Яке аз маҷруҳон – Давлатбек Киёмиддинов ба ОИ «Азия-Плюс» гуфт, ки аз ҳодисаи фалокатбор чизе дар хотир надорад. «Ба ёдам ҳаст, ки пас аз садама ба дарё афтидам. Хамчунон дар хотир дорам, ки бо нафаре аз об берун мешудем. Дигар чизе ба хотир надорам, чун ҳуш аз сарам рафт», – нақл кард ҷабрдида. Мавсуф аз дарди дасту пой ва сутунмӯҳра шикоят кард.

Ёдовар мешавем, чанде пеш автомашинаи «КамАЗ»-и мутааллиқ ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар километри 46-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд ба садама дучор гардид. Дар автомашинаи мазкур гурӯҳи афсарону сарбозон буданд, ки барои хизмати минбаъда ба вилояти Суғд сафар доштанд.

Аз вазорат хабар доданд, ки бар асари ин садама лейтенант Баёнқул Холов ҳалок ва ду афсару 31 нафар сарбоз бо ҷароҳатҳои гуногун дар Маркази миллии тандурустии Тоҷикистон ва госпитали Вазорати мудофиаи дар шаҳри Душанбе бистарӣ шуданд. Айни замон санҷиши сабабҳои садамаро нозироти ҳарбии автомобилии Вазорати мудофиаи кишвар ба уҳда дорад.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.