Мақолаҳои Википедияи тоҷикӣ ба 12 ҳазор наздик мешаванд

То имрӯз мақолаҳои Википедияи тоҷикӣ ба 12 ҳазор наздик расидааст. Дар ин бора Иброҳим Рустамов, муассис ва муҳаррири сафҳаи тоҷикии Википедия хабар дод. Мавсуф мегӯяд, ки дар моҳи майи соли ҷорӣ саҳифаи тоҷикии Донишномаро наздик ба 490 ҳазор маротиба боз кардаанд. Рустамов афзуд, ки барои ин хидматаш ҳазинаеро дарёфт намекунад ва ба хотири фарҳанги миллӣ […]

Аҳлиддин Салимов


То имрӯз мақолаҳои

Википедияи тоҷикӣ

ба 12 ҳазор наздик расидааст. Дар ин бора Иброҳим Рустамов, муассис ва муҳаррири сафҳаи тоҷикии Википедия хабар дод.

Мавсуф мегӯяд, ки дар моҳи майи соли ҷорӣ саҳифаи тоҷикии Донишномаро наздик ба 490 ҳазор маротиба боз кардаанд.

Рустамов афзуд, ки барои ин хидматаш ҳазинаеро дарёфт намекунад ва ба хотири фарҳанги миллӣ ва хизмат ба мардуми тоҷик ин корро солҳо боз анҷом медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, Донишнома 6 корбари фаъол дошта, ҳамарӯза мақолаҳо вориди он мегарданд.

Дар ин Донишнома зиндагиномаи шахсиятҳои бузурги илму адаб ва ҳунару фарҳанг, ба мисли Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Лоиқ Шералӣ, Ҳошим Гадо ва даҳҳо фарҳехтагони дигар ҷой дода шудааст. Вале мақолаҳои соҳавӣ кам ба назар мерасанд.

Қобили зикр аст, ки Донишномаи озоди электронӣ бо 286 забон пахш мешавад ва соли 2006 ба он забони тоҷикӣ ҳам илова карда шуд. Аз ин Донишнома ҳар шахс метавонад маълумоти зарурӣ ва илмиро пайдо намояд ва ҳамзамон матолиби худро ба он ворид созад.


 


(Дар акс Иброҳим Рустамов бо мудири кулли Википедиа Jimbo Wales)


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон 0,46 кг партови сахт ба як нафар дар як рӯз ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.