Бозор Собир ба намоиши театрии «Шабе дур аз Ватан» баҳои баланд дод (акс ва садо)

Бозор Собир ба спектакли Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов «Шабе дур аз Ватан», ки дар асоси асари худи шоир аз ҷониби коргардон Нозим Меликов ба саҳна гузошта шудааст, баҳои баланд дод. 25-уми июн пас аз тамошои намоиши театрӣ, ки дар он нақши шоирро артисти шоистаи Тоҷикистон Абдумӯъмин Шарифӣ иҷро кардааст,  Бозор Собир […]

Маҳпора Киромова


Бозор Собир ба спектакли Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов «Шабе дур аз Ватан», ки дар асоси асари худи шоир аз ҷониби коргардон Нозим Меликов ба саҳна гузошта шудааст, баҳои баланд дод.

25-уми июн пас аз тамошои намоиши театрӣ, ки дар он нақши шоирро артисти шоистаи Тоҷикистон Абдумӯъмин Шарифӣ иҷро кардааст,  Бозор Собир гуфт: «Як саҳнаи фишурдаи олӣ буд, ки дар он тамошобин бо актёрҳо тақрибан нафас ба нафас рӯ ба рӯ буданд. Пеш аз ҳама он бисёр шоирона буд, яъне карру фарри зиёд надошт, оддӣ буд ва дар миёни дафтару китоб мегузашт. Ман фикр кардам, ки дар хонаи худам ҳастам, на дар саҳна».

Муовини сардори театр Зиёбой Тошев дар суҳбат ба ИО «Азия-Плюс» гуфт, ки «Шабе дур аз Ватан» соли 2011 руйи саҳна омад ва аввалин маротиба дар Озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту -2011» пешкаши алоқамандони хунари театрӣ гардидааст.

«Дар ҷамъбасти ин озмун спектакл сазовори ҷойи дуюм гашт ва ба иҷрокунандаи нақши ровӣ Абдумӯъмин Шарифӣ ҷоизаи озмун насиб гардид. Баъдан бо даъвати вазири фарҳанг ва иттилооти Афғонистон намоиш ба Кобул бурда шуд. Ҳамчунин дар Фестивали байналмилалии театрҳои майдонӣ дар Бишкек ба маърази тамошо гузошта шуд. Соли 2012 спектакли мазкурро тамошобинон дар Фестивали намоишҳои хурд «Молдфест.Рампа.ру» ҳам диданд. Пасон, аз 22-30-юми марти соли ҷорӣ «Шабе дур аз Ватан» дар Фестивали байналмилалии намоишҳои кӯчак «CHELоВЕК ТЕАТРА» манзури ҳаводорони театр гардид. Дар Тоҷикистон он маротибаи 154-ум пешкаш мегардад», – гуфт Тошев.

«Шабе дур аз Ватан» дар жанри «андешаҳои театрӣ» аз ашъори Бозор Собир бе мувофиқа бо муаллиф ба саҳна гузошта шудааст. Дар он алам ва дарди шоире, ки дур аз Ватан аст ва ёди зодбумаш ӯро ҳамеша думболагирӣ мекунад, инъикос ёфтааст. Нақши рӯъёро Мохпайкар Ёрова офаридааст.

Mahpora Kiromova”s Slidely by Slidely –

Slideshow maker

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.