Коршиносон: Сулҳи тоҷикистониён падидаи нодири таърихист

Аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 сол сипарӣ гашт. Чанде аз коршиносони ватанӣ оид ба а ҳ амияти имзои Созишнома дар таърихи муосири тоҷикон ба ОИ “Азия-Плюс” изҳори назар карданд. Сайфулло Сафаров , муовини Раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, сиёсатшинос мег ӯ яд: “Имзои ин Созишнома […]

Аҳлиддин Салимов


Аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 сол сипарӣ гашт. Чанде аз коршиносони ватанӣ оид ба а


ҳ


амияти имзои Созишнома дар таърихи муосири тоҷикон ба ОИ “Азия-Плюс” изҳори назар карданд.


Сайфулло Сафаров

, муовини Раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, сиёсатшинос мег

ӯ


яд: “Имзои ин Созишнома як падидаи нодири таърихист, чун намунаи ҳамдигарбахшии миллист. Баъди Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дуввумин ҳуҷҷати таърихие мебошад, ки дар натиҷаи муборизаи шадиди сиёсӣ имзо шудааст ва барои миллат ва давлати мо тақдирсоз гаштааст. Имрӯз мо аз ин ду хуҷҷат ифтихор мекунем. Созишномаи мадди назари мо аз тарафи ду нафар шахсияти бузурги сиёсии таърихи мо имзо шудааст: онҳое, ки бо ҳукумат буданд ва онҳое, ки зидди хукумати ҳамонвақта. Минбаъд онҳо якто шудаанд ва ҳар касе, ки ба ин раванд ҳамроҳ нашуд ё нашудааст, душмани истиқлолият ва ваҳдату давлати мо мебошад. Бигузор ҳеҷ кас аз ин гап наранҷад. Ин мантиқи раванди сиёсист. Агар аз раванд касе берун шавад, ӯ худкуш аст, бефаҳм ва худкомаю худпараст аст. Маҳз чунин фаҳмиши якхела метавонад минбаъд хам суботу сулҳу оромиро дар кишвари мо таъмин намояд. Кист ғамхори Ватан, гар на ту бошиву на ман?”.


Рашид  Ғанӣ Абдуллоҳ


, сиёсатшиноси маъруф оид ба аҳамияти ин Созишнома мегӯяд: “Нақши ба имзо расонидани созишнома дар таърихи муосири тоҷик басо возеҳ аст, чун дақиқан ба интиҳои ҷанг шакли расмӣ бахшид. Чун ба назари ин ҷониб, баъд аз вохурии тарафайни даргир дар моҳи декабри соли 1996 


ба ҷанг 


амалан хотима гузошта шуд. Ба имзо расонидани созишномаҳои сулҳ ба ин амал як қимати расмӣ бахшид. Ва чун татбиқи созишномаҳои сулҳ оғоз ёфт, дар кишвар субот ва истиқрори сиёсӣ ҳукмфармо шуд. Ва бо ҳукмрон шудани истиқлол ва субот дар ҷумҳурӣ хеле аз корҳои дигар, аз ҷумла, ба ҳам овардани кишвари парокандашуда имконпазир гашт”.


Эшони Сайид Қиёмуддини  Ғозӣ

, рӯҳонии тоҷик ва яке аз муассисони ҲНИТ дар торнамояш Мисбоҳ зери унвони “Паёми сулҳи Тоҷикистониён” гуфтааст, ки сулҳи тоҷикистониёнро метавон қатъан яке аз ёдгормондатарин, ҷовидонатарин ва шодмонтарин масъала дар асри гузашта донист. “Дар бисёре аз кишварҳо миёни баъзе аз миллатҳо авомили гуногун сабаб мешавад, ки ба даргириҳои иҷборӣ ва ғайрииҷборӣ тан диҳанд ва солҳо ва шояд асрҳо дар низоъҳо, кашмакашҳо ва хунрезиҳо бошанд. Аммо фақат дасти тавонои қудрати беҳамтои Худованд аст, ки сабаб мешавад, ин хунрезиҳо поён ёбанд ва инсонҳои муслеҳ ва мухлиси худро фиристода миёни инсонҳо ваҳдат, дӯстӣ ва маваддатро парваронда, густариш диҳанд”.


Абдуллоҳи Муҳаққиқ


, собиқ корманди Маркази исломшиносии назди Президенти ҶТ мегӯяд: “Ҷанги таҳмилшуда моҳияти динӣ надошт, балки аз ҷониби душманони миллати мусалмони тоҷик роҳандозӣ гардида буд  ва ин ҳадафи душманони халқи тоҷикро ҷонибайн сари вақт шинохтанд. Агар дар ин ҷанги шаҳрвандӣ даргириҳо байни пайравони ваҳҳобия-салафия бо ҳанафимазҳабон мебуд, ҳаргиз сулҳ намешуд”.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.