Саломатии афсарони ба садама дучоршуда хуб аст (садо)

Date:


Вазъи саломатии аскарони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки дар натиҷаи садама дар километри 46-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд захмӣ шуда буданд, хуб аст.

Тавре сардори шуъбаи қабул ва эҳёи Маркази милии тандурустии Тоҷикистон (Қарияи боло) Ханҷар Бердиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, якшанбеи гузашта аскарон Давлатбек Қиёмиддинов (соли таваллуд 1991), Исмоил Камолов (с.т. 1988) ва Александр Смирнов (с.т. 1988),  ки ба садама афтода буданд, ба муассисаи тиббии мазкур бо чароҳатҳои гуногун расонда шуданд.

Духтур Низомалӣ Мирзохонов вазъи саломатии низомиёнро қаноатбахш арзёбӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, аллкай 25-уми июл Александр Смирнов пас аз табобат аз муассисаи тиббӣ ҷавоб шуда, Исмоил Камолов барои давом додани табобат ба госпитали Вазорати мудофиа дар шаҳри Душанбе интиқол дода шуд.

Яке аз маҷруҳон – Давлатбек Киёмиддинов ба ОИ «Азия-Плюс» гуфт, ки аз ҳодисаи фалокатбор чизе дар хотир надорад. «Ба ёдам ҳаст, ки пас аз садама ба дарё афтидам. Хамчунон дар хотир дорам, ки бо нафаре аз об берун мешудем. Дигар чизе ба хотир надорам, чун ҳуш аз сарам рафт», – нақл кард ҷабрдида. Мавсуф аз дарди дасту пой ва сутунмӯҳра шикоят кард.

Ёдовар мешавем, чанде пеш автомашинаи «КамАЗ»-и мутааллиқ ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар километри 46-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд ба садама дучор гардид. Дар автомашинаи мазкур гурӯҳи афсарону сарбозон буданд, ки барои хизмати минбаъда ба вилояти Суғд сафар доштанд.

Аз вазорат хабар доданд, ки бар асари ин садама лейтенант Баёнқул Холов ҳалок ва ду афсару 31 нафар сарбоз бо ҷароҳатҳои гуногун дар Маркази миллии тандурустии Тоҷикистон ва госпитали Вазорати мудофиаи дар шаҳри Душанбе бистарӣ шуданд. Айни замон санҷиши сабабҳои садамаро нозироти ҳарбии автомобилии Вазорати мудофиаи кишвар ба уҳда дорад.

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...