Тоҷикистон шиканҷаро «Қабул надорад!»

Date:


Дар остонаи Рӯзи байнулмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа, ки имрӯз, 26-уми июн дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, Ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонунияти ҶТ» бо мусоидати Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон Amnesty International иқдомотеро таҳти унвони «Нест бод шиканҷа!» баргузор кард.

Наргис Зокирова, директори Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонунияти ҶТ дар ин робита гуфт, ҳадаф аз баргузории чорабинӣ бори навбатӣ ҷалб кардани таваҷҷуҳи ҳукуматдорон ва аҳли ҷомеа ба мушкилоти мазкур аст. «Мо кӯшиш дорем, ки тамоми парвандаҳои мавқуфгузошта оид ба шиканҷа ва кирдори бераҳмона мӯшикофона мавриди тафтиш қарор гирифта, гунаҳкорон ҷазои сазовор гиранд», – қайд кард ӯ.

Ба қавли вай, дар намоишгоҳи аксҳои пешниҳодшуда дар чорабинии мазкур 9 саргузашти воқеӣ инъикоси худро меёбад. «Асоси 6 саргузаштро парвандаҳои пурсарусадои Ҳамзаалӣ Икромзода, Хуршед Бобокалонов, Баҳромиддин Шодиев, Сафаралӣ Сангов, Исмоил Бачаҷонов ва Дилшодбек Муродов ташкил медиҳад, ки зимни боздошт ё дар маҳбас ба ҳалокат расиданд. Се саргузашти дигарро шарикони Идора аз Қирғизистону Қазоқистон ва Туркманистон ирсол доштанд, ки қазияҳои мушобеҳро инъикос месозанд», – иброз дошт Н.Зокирова.

«Дар бораи шиканҷа мо бисёр ҳарф мезанем ва ҳамеша дар фикри онем, ки мо ҳеҷ гоҳ ба он дучор нахоҳем шуд. Мо ҳеҷ гоҳ симои ҳақиқии ин мушкилотро надидаем. Ба туфайли намоишгоҳи аксҳои мазкур, ба мо имрӯз чунин имкон фароҳам оварда шудааст. Шиносоии наздик бо симои ҷабрдидагон аз шиканҷа, наздикони онҳо, модарону ҳамсарони бевамонда ва кӯдакони ятиммондаи онҳо хеле душвор аст ва ман аз ҳама даъват мекунам, ки аз ин мушкилот худро канор нагиранд», – гуфт ҳомии ҳуқуқи тоҷик Нигина Баҳриева.

Дар доираи намоишгоҳи аксҳо ҳамчунин маросими муаррифии китоби мустанади «Тақдирҳои шикаста, зиндагиҳои рабуда» («Сломанные судьбы, отнятые жизни») низ баргузор гардид.

«Китоб фарогири 8 қазияи воқеии қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон ҳикоят мекунад. Фикр мекунам, ки номҳои Ҳамзалӣ Икромзода, Сафаралӣ Сангов ва дигарон ба аксари мардум шинос аст. Дар саҳифаҳои китоб бобати ҳаёти одамоне, ки барояшон ин шиканҷаҳо идома доранд, ҳикоят мешавад. Ба чеҳраи кӯдакони ятим ва ҳамсарони бевамонда, ки бинобар сабаби «хунукназарӣ»-и нафаре ба ин ҳол расидаанд, бидуни ашк нигоҳ кардан ғайриимкон аст», – мегӯяд муаллифи маҷмӯа, хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Наргис Ҳамробоева.

Китоб фарогири хотираҳои хешовандони қурбониён дар бораи писар ё шавҳарашон мебошад, ки мавриди зӯроварию худсарии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор гирифтаанд. Маҷмӯаи мазкур ба се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр гардидааст.

Дар чорабинӣ аъзои Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, намояндагони дафтари кории Омбудсмен, созмонҳои байнулмилаливу намояндагиҳои дипломатӣ ва ҳамчунин хешовандону наздикони қурбониёни шиканҷа ва кирдори бераҳмона ширкат варзиданд.

Чорабинӣ бо дастгирии созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International доир гардид. Намоишгоҳи аксҳои дар Тоҷикистон ва ҳамзамон дар Қазоқистон оғозгардида муддати тамоми фасли тобистони соли равон дар шаҳрҳои саросари ҷаҳон идома меёбад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related