Манъи вуруди боз 13 шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия

Давоми рӯзҳои 24-25-уми июн ба 13 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тавассути ҳавопаймо озими шаҳрҳои Маскаву Екатеринбург, Санкт-Петербургу Оренбург шуда буданд, вуруд ба қаламрави Русия манъ карда шуд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷираи назди ҳукумати ҶТ, тибқи қонунҳои Федеролии Русия ба шаҳрвандон – Муҳриддин Мӯсоев, Маҳмадалӣ Мамадалиев, Маҳмадӣ Мамадалиев, Нуралӣ Мамадалиев, Сафаралӣ […]

ASIA-Plus


Давоми рӯзҳои 24-25-уми июн ба 13 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тавассути ҳавопаймо озими шаҳрҳои Маскаву Екатеринбург, Санкт-Петербургу Оренбург шуда буданд, вуруд ба қаламрави Русия манъ карда шуд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷираи назди ҳукумати ҶТ, тибқи қонунҳои Федеролии Русия ба шаҳрвандон – Муҳриддин Мӯсоев, Маҳмадалӣ Мамадалиев, Маҳмадӣ Мамадалиев, Нуралӣ Мамадалиев, Сафаралӣ Баротов, Манучеҳр Нарзиев, Баҳодур Назаров, Саидаҳмад Асоев, Садриддин Саидов, Юнусалӣ Исоқов, Дилшод Ойев, Ғуломҷон Тошбоев ва Қиматулло Сулаймонов ба муҳлати се сол ворид шудан ба қаламрави ин кишвар манъ карда шуда, онҳо аз  фурудгоҳҳҳои шаҳрҳои зикршудаи Русия ба ватан баргардонида шуданд.

Ба иттилои манбаъ,  шаҳрвандони ба ватан фиристодаи Тоҷикистон ҳангоми қаблан дар қаламрави Русия қарор доштан, ба қонуншиканиҳо дар бахши қонунгузории муҳоҷирати ин кишвар даст зада, ба «рӯйхати сиёҳ» шомил будаанд.

«Хадамоти муҳоҷират ба шаҳрвандон борҳо иброз дошта ва таъкидан боз ҳам баён медорад, ки пеш аз сафар ба Русия ҳатман ба Бахши қабул ва маслиҳатдиҳии Хадамоти муҳоҷират ва Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ муроҷиат намоед ва мушкилот ва проблемаҳои худро доир ба депортатсия ва дигар масъалаҳои мавҷуда ҳаллу фасл намоед», – зикр мегардад дар иттилои хадамот.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.