Кӯмаки хайрияи Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони Рашт

Дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қишри камбизоати аҳолии водии Рашт кӯмаки хайрия фиристод. Тавре як манбаъ аз Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аз номи президент ба беш аз 4,5 ҳазор нафар сокинони минтақа дар ҳаҷми 534,6 тонна маҳсулоти ғизойӣ, аз ҷумла 459 тонна орд […]

Аваз Юлдошев


Дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қишри камбизоати аҳолии водии Рашт кӯмаки хайрия фиристод.

Тавре як манбаъ аз Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аз номи президент ба беш аз 4,5 ҳазор нафар сокинони минтақа дар ҳаҷми 534,6 тонна маҳсулоти ғизойӣ, аз ҷумла 459 тонна орд ва маҳсулоти макаронӣ, 22,5 тонна биринҷ, ҳамин миқдор шакару маҳсулоти лӯбиёгӣ ва зиёда аз 8 тонна равғани рустанӣ кӯмак расонида шудааст.

«Ғайр аз ин, ба сифати кӯмаки башардӯстона ба минтақа 4,5 ҳазор комплекти сарулибоси гуногун барои кӯдакон низ фиристода шуд», – таъкид кард манбаъ.

Ба қавли ӯ, кӯмаки аз номи сарвари давлат ба минтақа воридшуда тибқи рӯйхати аз ҷониби мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таҳияшуда тақсим карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.