ВКХ: Бо шиносномаи биометрӣ дар Русия мушкилот надорем

Муддати як моҳ аст, ки ба идораи ОИ «Азия-Плюс» дар бораи мушкилоти ҷойдошта бобати вуруд бо шиносномаҳои биометрии Тоҷикистон ба қаламрави Русия мактубҳо ворид мешаванд ва дар онҳо зикр мегардад, ки ин мушкилот танҳо дар Русия рӯйи кор меояд. Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин гуфтаҳоро рад намуданд. Ба қавли котиби сеюми Раёсати консулгарии ВКХ […]

ASIA-Plus


Муддати як моҳ аст, ки ба идораи ОИ «Азия-Плюс» дар бораи мушкилоти ҷойдошта бобати вуруд бо шиносномаҳои биометрии Тоҷикистон ба қаламрави Русия мактубҳо ворид мешаванд ва дар онҳо зикр мегардад, ки ин мушкилот танҳо дар Русия рӯйи кор меояд.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин гуфтаҳоро рад намуданд. Ба қавли котиби сеюми Раёсати консулгарии ВКХ ҶТ Рустам Ҳасанов, муддати се сол аз замони ҷорӣ шудани шиносномаҳои биометрӣ, ҳеҷ касе дар бораи мушкилоти пайдошуда бо онҳо муроҷиат накардааст.

«Ҳанӯз соли 2009, то оғози расмии додани шиносномаҳои биометрӣ ба тамоми намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар оид ба таснифи шиносномаҳои биометрӣ ҳуҷҷатҳои дахлдор иросл шуда буданд. Сипас баъд аз оғози додани шиносномахо аз соли 2010 ҳеҷ нафаре ба мо дар бораи ҷой доштани мушкилот бо ин ҳуҷҷат муроҷиат накардааст», – қайд кард Ҳасанов.

Ба гуфтаи Ҳасанов, агар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ин мушкилот дар Русия дучор гарданд, метавонанд ба Раёсати консулгарӣ муроҷиат кунанд ва дар он ҷо мушкилоти онҳо баррасӣ мешавад. Барои ин бо телефони +992 37 221 15 занг задан кофист.

«Агар дар хориҷи кишвар мушкилот пайдо шавад, шаҳрванд метавонад ба намояндагии дипломатӣ ё консулгарии Тоҷикистон муроҷиат намояд», – афзуд номбурда.

Бояд зикр намуд, ки шиносномаҳои биометрӣ аз моҳи феврали соли 2010 инҷониб дар Тоҷикистон ҷорӣ шудааст. Арзиши он барои шаҳрвандони то 16-сола 25 доллар, шиносномаи умумишаҳрвандии биометрии хориҷӣ – 75 доллар, хизматӣ – 100 доллар ва шиносномаи хориҷии биометрӣ барои дипломатҳо 125 доллар муқаррар шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.