Равоншинос: Дар 90%-и ҳолатҳо худкушӣ намоишкорона аст

Як равоншиноси машғули ташхису муоинаи занон бар ин назар аст, ки дар 90%-и ҳолатҳои худкушӣ ё кӯшиши даст задан ба он намоишкорона аст. Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ҳафтаи ахир 7 ҳодисаи даст ба худкушӣ задан ба қайд гирифта шуданд, ки миёни ҳалокшудагон 4 нафарашон занони синнусоли аз 24 то 56-сола буда, танҳо наҷоти як нафар […]

Мавлуда Рафиева


Як равоншиноси машғули ташхису муоинаи занон бар ин назар аст, ки дар 90%-и ҳолатҳои худкушӣ ё кӯшиши даст задан ба он намоишкорона аст.

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ҳафтаи ахир 7 ҳодисаи даст ба худкушӣ задан ба қайд гирифта шуданд, ки миёни ҳалокшудагон 4 нафарашон занони синнусоли аз 24 то 56-сола буда, танҳо наҷоти як нафар муяссар гардидааст.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, аксари фавтидагон тариқи худро ба дор овехтан ба ин амал даст задаанд.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» равоншиноси Маркази буҳронӣ барои занони «Гулухсор»-и шаҳри Хуҷанд Муҳаррама Раҳимова дар ин робита изҳор намуд, ки 90%-и ин ҳодисаҳо хусусияти намоишкорона дошта, дарду фарёди қалб ва ҳолати бӯҳрониест, ки бо ин роҳ шахс мушкилоти худро ҳал карданист.

«Ин нишони эътирози ӯ буда, танҳо дар 10%-и чунин ҳолатҳо шахс бо дарки масъалаву дидаву дониста ба худкушӣ даст мезанад ва фоизи начандон назаррас худкушии ирсӣ (генетикӣ) аст, ки фикру андешаи худкушӣ аз гузаштагон ба мерос мегузарад», – иброз дошт М.Раҳимова.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар зарфи 5 моҳи соли равон дар қаламрави вилоят 122 далели даст ба худкушӣ задан ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 ҳодиса камтар мебошад.

Ба иттилои манбаъ, миёни ин афрод 63 нафарашон мардону 10 писари ноболиғ ва 59 тан занону 4 духтари ноболиғ буда, 35 нафари фавтидагон беморони рӯҳӣ ва дар 23 ҳолат сабабҳои ба ин амал даст задани шаҳрвандон муайян нашудааст. Дар ин давра аз рӯи далели то ба худкушӣ оварда расонидан парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.